Ширкат: ORZU PREMIUM
📍 Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
🏢 Формати кор: Ҳузурӣ, дар офис
💰 Маош: 5 000 сомонӣ + бонус аз фурӯш
ORZU PREMIUM барои васеъ намудани фаъолияти худ менеҷери фурӯши фаъол, масъулиятшинос ва натиҷамеҳварро ба кор даъват менамояд.
Ӯҳдадориҳо:
- Қабул ва коркарди дархостҳои муштариён.
- Муошират бо муштариён тавассути телефон, WhatsApp ва Instagram.
- Муаррифии хизматрасониҳои дизайн ва таъмири «Под ключ».
- Гузаронидани гуфтушунид ва ташкили вохӯриҳо.
- Ҷалби муштариёни нав ва бастани шартномаҳо.
- Пешбурди базаи муштариён ва ҳисоботи ҳаррӯза.
- Иҷрои нақшаи моҳонаи фурӯш.
Талабот:
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
- Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид.
- Донистани компютер ва барномаҳои офисӣ.
- Масъулиятшиносӣ, интизом ва сари вақт ҳозир шудан ба кор.
- Қобилияти кор дар даста.
Шароити кор:
- Кори доимӣ дар офис.
- Ҳузури ҳаррӯза мувофиқи реҷаи кории ширкат.
- Маоши асосӣ: 5 000 сомонӣ.
- Бонус барои иҷрои нақшаи фурӯш.
- Имконияти рушди касбӣ ва болоравии даромад.
Барои муроҷиат: Резюмеи худро тавассути WhatsApp ирсол намоед.
ORZU PREMIUM — Аз идея то калид!