ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босамар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифа
Менеҷери минтақавӣ
Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асосӣ:
•Назорат ва мониторинги фаъолияти филиалҳо, арзёбии натиҷаҳои корӣ ва муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ.
•Боздид аз филиалҳо бо мақсади санҷиши сифати фаъолияти қарзӣ ва риояи расмиёти дохилӣ.
•Омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон тавассути баргузории тренингҳои амалӣ дар филиалҳо.
•Назорати сифати таҳлили қарзӣ, азназаргузаронии фаъолияти тиҷоратии муштариён ва арзёбии гаравҳо.
•Иштирок дар баррасии дархостҳои қарзӣ, азнавсозӣ ва тамдиди муҳлати қарзҳо, инчунин масъалаҳои қарзҳои муҳлатгузашта.
•Мониторинги нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, иҷрои нақшаҳо ва таҳияи ҳисоботҳо.
•Ҳамкорӣ бо роҳбарон ва кормандони филиалҳо ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият ва коҳиш додани хавфҳо.
Талаботҳои тахассусӣ:
•Маълумоти олӣ, беҳтараш дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ.
•Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ.
•Таҷрибаи идоракунӣ, назорати фаъолияти филиалҳо ва кор бо гурӯҳҳо бартарӣ ҳисобида мешавад.
•Дониши хуби таҳлили қарзӣ, идоракунии хавфҳо ва мониторинги портфели қарзӣ.
•Қобилияти гузаронидани омӯзишҳои амалӣ ва рушди малакаҳои касбии кормандон.
•Малакаҳои хуби муошират, таҳлил, банақшагирӣ ва қабули қарорҳо.
•Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ ва боздидҳои мунтазам аз филиалҳо.
Мақсади вазифа
Таъмини назорати мунтазам ва самараноки фаъолияти филиалҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, беҳтар намудани натиҷаҳои тиҷоратӣ ва коҳиш додани хавфҳои қарзӣ
Шароити хуби кори:
•Музди меҳнати рақобатпазир.
•Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ.
•Муҳити мусоиди корӣ ва дастаи касбӣ.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: Lolc Moliya HR
Рақами телефон: (992) 111107800 аз соати 8:00 то17:00 метавонед занг занед.
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.