Мо ба дастаи худ шахсони фаъол, масъулиятшинос ва ҳадафмандро даъват менамоем! Агар Шумо кор бо маҳсулот дӯст доред, маҳорати хуби муошират дошта бошед ва барои ба даст овардани натиҷа кӯшиш намоед, мо аз ҳамроҳшавии Шумо ба дастаамон шод хоҳем шуд.
💼 Вазифаҳои асосӣ:
• Ҷойгир намудани уребчаҳои «Comfort baby» дар рафҳои мағозаҳо мувофиқи нақшаи ҷойгиркунӣ ва стандартҳои ширкат;
• Таъмини намуди тозагӣ, ҷолибият ва ба харидор намоёнии маҳсулот;
• Назорати мавҷудияти андозаҳо ва бастаҳои гуногуни маҳсулот дар рафҳо;
• Сари вақт пур кардани рафҳо аз захираи мавҷудаи мағоза;
• Ҳамкорӣ бо кормандони мағозаҳо барои беҳтар намудани ҷойгиркунӣ ва намоёнии маҳсулот;
• Пешниҳоди ҳисоботи кӯтоҳ ва аксҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда.
👤 Мо аз Шумо интизорем:
• Масъулиятшиносӣ, боинтизомӣ ва меҳнатдӯстӣ;
• Маҳорати хуби муошират ва ҳамкорӣ;
• Тавоноии мустақилона ва дар ҳайати даста кор кардан;
• Диққат ба ҷузъиёт ва қобилияти банақшагирии кор;
• Омодагӣ ба кори фаъол ва боздид аз нуқтаҳои савдо.
🎯 Мо пешниҳод мекунем:
• Маоши рақобатпазир ва бонус аз рӯйи натиҷаи кор;
• Омӯзиши асосҳои кори мерчандайзер;
• Дастгирӣ ва роҳнамоӣ;
• Имконияти рушди касбӣ ва болоравии мансабӣ;
• Иштирок дар тренингҳо ва чорабиниҳои корпоративӣ.
📩 Барои иштирок дар озмун тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба суроғаи sh-safarov@ag-group.tj ирсол намоед ё ба мо занг занед.
Дар мавзӯи мактуб «Мерчандайзер» нависед.
Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва бо мо рушд кунед!