ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи мутахассиси Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ (системный администратор) довталабонро ба кор даъват менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
- Ташхис ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ дар компютерҳо ва шабакаҳои асосӣ;
- Нигоҳдорӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти шабакавӣ ва периферӣ;
- Дастгирии серверҳо ва нармафзори муштарӣ (Windows, Linux OS);
- Зуд муайян ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ;
- Расонидани кӯмаки техникӣ ба кормандони Бонк дар масъалаҳои вобаста ба компютерҳо ва нармафзор.
Талаботи асосӣ:
- Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи IT ё соҳаи марбута;
- Донистани системаҳои оператсионӣ (Windows, Linux) ва нармафзори офисӣ;
- Малакаҳои муоширатӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти таҳлилӣ;
- Хоҳиши рушд дар соҳаи IT ва пайваста аз худ намудани донишҳои нав.
Мо пешниҳод менамоем:
- Имконияти рушди касбӣ;
- Музди меҳнати устувор;
- Кор дар ширкати муосир ва рушдёбанда;
- Имконияти рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаи IT;
- Риояи пурраи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Хоҳишмандон метавонан Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 30.10.с2026 ирсол намоянд.
Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуд ҷавобгу ҳастанд.