ВАКАНСИЯ — Ассистенти Директор
Ба ман ассистенти шахсӣ ва универсалӣ лозим аст.
Шахсе меҷӯем, ки масъулиятшинос, чолок, боинтизом ва боэътимод бошад.
Вазифаҳо:
• иҷрои супоришҳои шахсӣ ва корӣ;
• кӯмак дар корҳои ҳаррӯза;
• бурдани мошин ва иҷрои корҳои вобаста ба рафтуомад;
• иҷро ва назорати супоришҳои гуногун;
• кор бо телефон, интернет ва барномаҳои корӣ;
• дар оянда кор барои яке аз лоиҳаҳои мо сафарбар карда мешавед.
Талабот:
• 23–35 сола;
• шаҳодатномаи ронандагӣ ва таҷрибаи хуби ронандагӣ;
• донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
• технологияро хуб фаҳмед: бо смартфон, интернет ва барномаҳои замонавӣ озодона кор карда тавонад;
• бо ChatGPT кор карда тавонед;
• масъулиятшинос, чолок ва боэътимод бошед;
• зудфаҳм бошед ва масъалаҳоро мустақилона ҳал карда тавонед.
Графики корӣ — Аз соати 10:00-22:00.
Хуроки нисфирузи ва шом дода Мешавад!
Вақти кор вобаста ба вазъият: метавонад субҳи барвақт, рӯзона ё шабона бошад. Номзад бояд ба чунин реҷаи кор омода бошад.
Маош: 3 000 сомонӣ + KPI.
Дар оянда вобаста ба натиҷаи кор ва зиёд шудани масъулият — маош низ зиёд карда мешавад.
Барои муроҷиат маълумоти кӯтоҳ дар бораи худ, синну сол, таҷрибаи корӣ ва таҷрибаи ронандагиро ирсол намоед.