Ширкати истеҳсолии маҳсулоти Ватанӣ барои ба вазифаи Ронанда оид ба фурӯши маҳсулоти нонӣ корманди масъулиятнок ва фаъолро ба кор даъват менамояд.
Вазифаҳо:
- расонидан ва фурӯши маҳсулоти нонӣ ба нуқтаҳои савдо;
- кор бо системаи Van Selling;
- қабули маҳсулот аз анбор ва назорати миқдори он;
- пешниҳоди маҳсулот ба мизоҷон ва нуқтаҳои савдо;
- қабули маблағ барои маҳсулоти фурӯхташуда;
- нигоҳдории дуруст ва назорати сифати маҳсулот;
- пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
- риояи масири муайяншуда ва ҷадвали корӣ.
Талабот:
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш, экспедитор ё ронанда-экспедитор бартарӣ дорад;
- масъулиятшинос ва бодиққат будан;
- қобилияти муоширати хуб бо мизоҷон;
- донистани хуби шаҳри Душанбе;
- малакаи кор бо ҳуҷҷатҳо ва маблағҳои нақдӣ;
- доштани шаҳодатномаи ронандагӣ категорияи B бартарӣ дорад.
Ширкат пешниҳод менамояд:
- кори доимӣ дар ширкати устувор;
- музди меҳнат — дар натиҷаи суҳбат
- ҷадвали кории пурра;
- шароити хуби корӣ;
- имконияти рушди касбӣ.
📍 Ҷойи кор: шаҳри Душанбе р.Сино (Чортут).
Шахсоне бар тамос бароянд, ки ҷойи зисташон бештар 33мкр, Профсоюз, Политехникум, Мардон ва Гипрозем.
📞 Барои маълумоти бештар: бо рақами телефони 900002191 тамос гиред.