Дар бораи ширкат: ҶСП «Ҳумо Банк» — яке аз панҷгонаи беҳтарин ташкилотҳои бонкии кишвар ва қисми холдинги байналмилалии Gojo & Company (Ҷопон) мебошад. Мо аввалин бонке ҳастем, ки дар марказҳои савдои кишвар маҳсулоти электроника ва техникаи рӯзгорро комилан тибқи принсипҳои Шариат (Равзанаи бонкии исломӣ) бо шартҳои муайян ва дастрас пешниҳод мекунем!
Вазифаҳои асосӣ:
- Ташхис ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ дар компютерҳо ва шабакаҳои асосӣ;
- Нигоҳдорӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти шабакавӣ ва периферӣ;
- Дастгирии серверҳо ва нармафзори муштарӣ (Windows, Linux OS);
- Зуд муайян ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ;
- Расонидани кӯмаки техникӣ ба кормандони Бонк дар масъалаҳои вобаста ба компютерҳо ва нармафзор.
Талаботи асосӣ:
- Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи IT ё соҳаи марбута;
- Донистани системаҳои оператсионӣ (Windows, Linux) ва нармафзори офисӣ;
- Малакаҳои муоширатӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти таҳлилӣ;
- Хоҳиши рушд дар соҳаи IT ва пайваста аз худ намудани донишҳои нав.
Мо пешниҳод менамоем:
- Имконияти рушди касбӣ;
- Музди меҳнати устувор;
- Кор дар ширкати муосир ва рушдёбанда;
- Имконияти рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаи IT;
- Риояи пурраи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;