Равзанаи бонкии исломии «Ҳумо Бонк» барои ишғоли вазифаи Муовини Директори Равзанаи бонкии исломӣ мутахассиси масъулиятшинос ва дорои таҷрибаи заруриро ба кор даъват менамояд.
Ухдадории вазифави:
• Таъмин намудани фаъолияти самараноки равандҳо ва стандартҳои маблағгузорӣ;
• Назорат аз болои иҷрои нақшаи маблағгузорӣ;
• Назорат аз болои иҷрои нақшаи ҷалби амонатҳо;
• Идоракунии хавфҳои сандуқи маблағгузорӣ ва нигоҳ доштани сатҳи хавфҳо дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;
• Ҷалби соҳибкорон ва ҶДММ барои ҳамкорӣ дар самти фурӯши молҳо ба насия;
• Ташкил ва рушди муносибатҳои самаранок бо мизоҷон ва шарикони тиҷоратӣ.
Талаботхо:
• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи молия, иқтисодиёт ё менеҷмент;
• Донистани қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бонкдории исломӣ;
• Доштани малакаи таҳлили ҳисоботҳои молиявӣ ва баҳодиҳии қобилияти пардохтпазирии қарзгирандагон;
• Донистани усулҳои ҷалб ва нигоҳдории мизоҷон;
• Малакаи кор бо муроҷиат ва шикоятҳои мизоҷон, инчунин идоракунии вазъиятҳои душвор;
• Донистани барномаҳои MS Office, аз ҷумла Word ва Excel;
• Масъулиятшиносӣ, малакаи кор дар гурӯҳ ва қобилияти қабули қарорҳои самаранок.
Барои мондани дархост ба почтаи job@humo.tj анкетаи худро бо ишораи вазифаи равон кунед