ФҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.ФҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд ба вазифаи Сардори Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд (МХМХ) дар шаҳри Хуҷанд.
Талаботи асосӣ:
маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ ё идоракунӣ;
таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ — беҳтараш аз 2–3 сол;
таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда — бартарӣ мебошад;
донистани маҳсулоти бонкӣ, қарздиҳӣ ва хизматрасонӣ ба мизоҷон;
донистани талаботи меъёрӣ ва расмиёти бонкӣ;
малакаи идоракунии кормандон ва ташкили фаъолияти МХМХ;
малакаҳои хуби муоширатӣ ва роҳбарӣ;
масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва ташаббускорӣ;
қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳо;
донистани компютер ва барномаҳои MS Office;
донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Вазифаҳои асосӣ: ташкили фаъолияти МХМХ, иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, назорати сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, идоракунии кормандон, назорати риояи расмиёти дохилӣ ва талаботи бонк.
Номзадҳои хоҳишманд метавонанд резюмеи худро тавассути почтаи электронӣ ирсол намоянд:
khujand.administration@oxus-tj.org