МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ 4 БА НОМИ ШАРОФИДДИН САЙФИДДИНОВ»
ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОНИ НАВ эълон мешавад!
Мо кӯдакони аз 6 то 13-соларо, ки мехоҳанд қобилияти эҷодии худро инкишоф диҳанд, дӯстони нав пайдо кунанд ва зебоии олами санъатро бубинанд, даъват менамоем!
ШУЪБАҲОИ МО:
* Овозхонӣ (академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ)
* Хореография (классикӣ, миллӣ, муассир)
* Санъати тасвирӣ
* Ҳунарҳои мардумӣ (кулолгарӣ, кандакории ҷӯб, ҳайкалтарошӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳо)
* Омӯзиши асбобҳои мусиқӣ (фортепиано, гитара, скрипка, виолончел, кларнет, саксофон, най, карнай, рубоб, ғиҷак, чанг, кокун, доира, таблак, аккордеон, баян ва дигарҳо)
* Синфи дирижёрии хор
* Синфи дӯзандагӣ ва гулдӯзии миллӣ
ЧАРО МАКТАБИ МО?
* Омӯзгорони касбӣ ва соҳибтаҷриба
* Фазои созандаи эҷодӣ
* Иштирок дар концертҳо, озмунҳо ва фестивалҳо
* Муносибати инфиродӣ ба ҳар як хонанда
Имрӯз ба олами санъат қадами аввалини фарзанди худро гузоред!
* Суроға: ш.Хуҷанд, мкр. 20, хиёбони "Истиқлол"- 17 Б (мавзеи кӯҳнаи масҷиди "Нури Ислом").
* Бо мо ҳамроҳ шавед ва истеъдоди фарзанди худро рушд диҳед!