Аудитор дар ш. Бохтар

Бохтар (Курғон-Теппа)
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 10:47 ID эълон: 16945555
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ФУРУЗ
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Микрокредитная депозитная организация
Ҷойгиршавӣ: Бохтар (Курғон-Теппа)

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешрафтаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз соли 2006 инҷониб ташкилот ба рушди соҳибкории хурд ва миёна, инчунин баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз «ФУРУЗ» беш аз 270 корманди касбӣ ва 15 маркази хизматрасониро муттаҳид менамояд. Бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафтаи идоракунӣ ва технологияҳои муосир, ташкилот ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифати молиявӣ пешниҳод менамояд. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот намояндагони кишварҳои Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Дастаи мо мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун барои ишғоли вазифаи холии аудитор даъват менамояд. Мо ба номзадҳое таваҷҷуҳ дорем, ки дорои таҷрибаи гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ, таҳлили равандҳои молиявӣ ва арзёбии хавфҳои бонкӣ мебошанд.

Вазифаҳо:

- Иштирок дар санҷишҳо тибқи нақшаи аудити дохилӣ, таҳлили равандҳои тиҷоратӣ, низоми назорати дохилӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ;

- Иштирок дар арзёбии мутобиқати равандҳои дохилӣ ба талаботи меъёрӣ ва қоидаҳои дохилӣ;

- Тайёр намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ ва тавсияҳо оид ба бартарафсозии камбудиҳо ва хатарҳои ошкоршуда бо супориши Менеҷери шӯъбаи аудити дохилӣ.

Талабот:

- Таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия, иқтисод, муҳосибӣ ё аудит;

- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ на камтар аз 3 сол;

- Донистани талаботи меъёрӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурдро танзим мекунад;

- Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ (зиёда аз 60% вақти корӣ);

- Дониши хуби барномаҳои MS Office ва барномаҳои бонкӣ.

Бартарӣ дода мешавад ба номзадоне, ки:

- Дониши меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ (МСФО), меъёрҳои байналмилалии аудит ва қонунгузории андози ҶТ доранд;

- Таҷрибаи корӣ дар вазифаи аудитор/инспектор дар шуъбаи аудити дохилӣ, назорат ё аудити беруна на камтар аз 1 сол;

- Сертификатҳои тахассусии CAP/CIPA доранд;

- Дониши забони англисӣ дар сатҳи intermediate доранд.

Довталабон метавонанд Резюме (CV)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд:

ш. Бохтар, куч. Айни 27 ё ба суроғаи электронии

hr@furuz.tj (номи вазифаро дар мавзӯи мактуб қайд намоед).

Телефон барои маълумот: 988-35-08-48.

Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Эълонҳои монанд

  • Сармухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Ташкил намудани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва назорати умумии дуруст таҳия намудани сабтҳои муҳосибӣ аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда; • Тартиб додани ҳисоботи молиявӣ барои истифодабарандаи беруна ва дохилӣ;• Ташкил намудан ва назорати дурусти баҳисобгирии андоз;• Ҳамкори ва ҳамоҳангсозии кор бо аудиторҳои беруна, БМТ, мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор;• Таъмини назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар таҳияи буҷет, банақшагирии молиявӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилот;• Роҳбари намудани шӯъбаи муҳосибот, амали намудани мониторинги фаъолияти кормандони муҳосибӣ, баҳодиҳии фаъолият, гузаронидани таълими зарурии кормандон.Талабот:• Таҷрибаи кории сармуҳосиб ё муовини сармуҳосиб дар соҳаи бонкӣ/қарздиҳии хурд на камтар аз 3 сол, инчунин бо таҷрибаи роҳбарикунии на камтар аз 1-2 сол;• Маълумоти олӣ аз рўи ихтисоси муҳосиб, аудит ва ё молия;• Донистани қонунҳои амалкунанда ва санадҳои нормативӣ аз рӯи ҳисоби муҳосибӣ ва андозситонӣ;• Қобилияти аъло доштан дар таҳлили молиявӣ;• Дониши амиқи қонунгузории муҳосибӣ, андоз, молия ва ҳисоботи молиявӣ;• Донистани қоидаҳо ва методологияи қарздиҳӣ;• Малакаҳои хуби кории компютерӣ: Microsoft Excel, Word;• Покизакорӣ ва масуълиятшиносӣ, малакаҳои аълои муошират;• Дорандаи сертификатҳои CAP ва CIPA ва ғайра афзалият дониста мешавад.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 13.08.2026 09:13, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.Талабот:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, Дирӯз 08:48, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Муҳосиб амалиётгар ш. Бохтар
    ҶДММ ТАҚҲ “Азизӣ-Молия” барои ишғоли вазифаи муҳосиб амалиётгар довталабонро ба кор даъват менамояд.Уҳдадориҳои асосӣ:• Расонидани ёрии машваратӣ оиди истифодаи маҳсулотҳои бонкӣ, хизматрасонӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои бонкӣ ба мизоҷон;• Кушодани суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тайёр намудани шартномаҳои хизматрасонӣ;• Дуруст тартиб додани ҳуҷатҳои амалиётӣ, хазинавӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавӣ;• Пешбурд ва танзими амалиётҳои баҳисобгирӣ;• Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот;Талаботҳои асосӣ:• Маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот);• Таҷрибаи корӣ на кам аз 1-сола дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонАнкетаи худро метавонед ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ №203 "б", ё суроғаи электронӣ vacancy@azizimoliya.tj ирсол намоед.Телефон барои тамос: (92) 909-12-04 (44) 630-20-10Эзоҳ: танҳо номзадоне, ки ба талаботи ҷойи корӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Azizi-Moliya, 07.08.2026 13:30, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Андеррайтер
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифаи ишғолкунанда: АндеррайтерҶои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)Вазифаҳои асосӣ:• Таҳлили дархостҳои қарзӣ дар доираи расмиёт, маҳдудиятҳо ва мӯҳлатҳои дар ташкилоти қарзӣ муқарраршуда;• Коркард ва санҷиши сифати маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби мизоҷон ва кормандони ташкилот;• Муайян кардани хавфҳои қарзӣ ҳангоми таҳлил ва баҳодиҳии қарзҳо;• Иштирок дар таҳия ва такмили равандҳои бизнес, маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ;• Санҷиши дархосткунанда аз рӯи пойгоҳи БҚИТ ва аз рӯи рӯйхатҳои сиёҳ;• Тамос бо дархосткунандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар ҳолати зарурӣ;• Қабули қарорҳои ниҳоӣ оид ба тасдиқ ё рад кардани қарз дар доираи қоидаҳои тасдиқшуда;• Тасдиқ ва дастгирии қарорҳои қарзӣ дар пойгоҳи махсус (модули қарзӣ);• Омода ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбари мустақим;Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар бонкҳо ё ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 2 сол;• Масъулиятноки дар қабули қарорҳо;• Тафаккури таҳлилӣ;• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);• Малакаҳои аълои муошират;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Ростқавлӣ, эътимоднокӣ, масъулятнокӣ.Шароити корӣ:• Пардохти саривақтии музди меҳнат;• Имкони пешравӣ дар мансаб;• Тренингҳо ва таълим;• Пардохти алоқаи мобилӣ.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 31 августи соли 2026.Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 10.08.2026 09:43, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Furuz Furuz

    Дар сайт аз сен, 2020

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust