Бухгалтери даруни
Маркази забономӯзии ТАВОНО барои пур кардани ҳайати худ Бухгалтери идоракунӣ қабул менамояд.
Агар шумо рақамҳоро дӯст медоред, масъулиятшинос ҳастед ва мехоҳед дар рушди яке аз марказҳои пешрафтаи забономӯзии Тоҷикистон саҳм гузоред, мо шуморо интизорем.
Вазифаҳои асосӣ
✅ Бақайдгирии ҳамаи даромадҳо ва хароҷот.
✅ Назорати маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ.
✅ Назорати ҳисоббаробаркунӣ бо донишҷӯён.
✅ Ҳисоб намудани маош ва бонусҳои кормандон.
✅ Назорати буҷети марказ.
✅ Омода намудани ҳисоботҳои ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона барои роҳбарият.
✅ Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди ҳисобот.
✅ Назорати дурустии ҳамаи амалиётҳои молиявӣ.
Талабот
✔ Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод.
✔ Таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол.
✔ Маҳорати баланди кор бо Microsoft Excel ва Google Sheets.
✔ Донистани 1С бартарӣ дорад.
✔ Дақиқ, ростқавл ва масъулиятшинос.
✔ Қобилияти таҳлили маълумоти молиявӣ.
✔ Нигоҳ доштани махфияти маълумоти молиявӣ.
Эзоҳ: Ин вазифа танҳо барои пешбурди муҳосибот ва ҳисоботи дохилии марказ мебошад. Ҳисоботҳои андоз ва дигар ҳисоботи давлатӣ ба зиммаи ин вазифа нестанд.
Мо пешниҳод мекунем
💰 Маоши рақобатпазир.
📈 Имконияти рушди касбӣ.
🤝 Муҳити кории касбӣ ва дастаи ҷавону фаъол.
📍 Ҷойи кор: Маркази забономӯзии ТАВОНО
🕘 Реҷаи кор: Душанбе – Шанбе | 08:00–17:00
📩 Агар шумо шахси дақиқ, масъулиятшинос ва таҳлилгар ҳастед, резюмеи худро ирсол намоед ё барои маълумоти бештар бо мо дар тамос шавед.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust