Рохбари автопарк
ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРК
Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.
Вазифаҳо:
- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);
- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;
- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;
- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.
Талабот:
- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);
- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;
- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;
- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;
- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.
Шароитҳои кор:
- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);
- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;
- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.
Тарзи муроҷиат:
- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.
Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust