Посбон дар ш.Бохтар
Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
• Дар вақти навбатдории худ нигоҳдории ҳамаи бинои идора ва молу мулки Ташкилотро таъмин намояд.
• Пеш аз он, ки коргарон идораро тарк мекунанд, Посбон бояд боварии комил ҳосил намояд, ки дар ҳамаи утокҳо қувваи барқ, чароғҳо, компютерҳо, гармкунакҳо хомуш ва ҳамаи дарҳо маҳкам шуданд.
• Дар вақти навбатдории худ (рӯзона ё шабона) бояд объектҳои нигоҳдоштаро мунтазам гашта боварӣ ҳосил намояд, ки ҳамааш хуб ва безараррасонӣ аст.
• Ба идора бо худ овардани ягон рафиқ ва истеъмоли нушокии спиртӣ ва маводҳои нашъадор қатъиян манъ аст.
• Баъди ба охир расидани вақти кориаш, Посбон бояд ҳамаи объектҳои нигоҳдоштаро, супорад.
Талабот:
• Маълумоти миёна
• Ҳолати хуби ҷисмонӣ
• Дар коллектив кор карда тавонистан.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи Ташкилоти қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 7272, 988 35 08 48.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust