Мушовири милли дар лоихаи САХА ва Марказ
Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо” (минбаъд Марказ) бо мақсади татбиқи лоиҳаи якҷояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар ш. Душанбе ва Марказ барои ишғоли вазифаи “Мушовири гурӯҳҳои поксозии гуманитарии Вазорат ва дигар сохторҳо дар давраи лоиҳаи Марказ ва САҲА”, озмун эълон мекунад. Ӯҳдадориҳои “мушовири гурӯҳҳои поксозии гуманитарии Вазорат ва дигар сохторҳо”. - барои баланд бардории иқтидори миллӣ, нигоҳдории таҷҳизотҳо ва техника дар ҳолати коршоямӣ, инчунин таҳия ва ба нақшагириии фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳои гурӯҳҳои поксозӣ. - Баргузории “курсҳои омӯзишӣ” оид ба фаъолияти безараргардонӣ ва поксозии минаҳо, ва таъмини риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ҳайати кормандони гуруҳҳо. - Расонидани кӯмак барои иҷрои амалиёти ҷорӣ ба сардорони гурӯҳҳо, муовинони сардори гурӯҳҳо ва афсарони кафолати сифати дохилӣ. - Иҷро намудани амру супоришҳои роҳбар ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо, оиди корҳои анҷом додашудаи гурӯҳҳои поксозӣ дар лоиҳаи САҲА ва Марказ. Дараҷаи тахассуснокӣ ва таҷриба: Доштани таҷриба на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии амалиётҳои безараргардонии минаҳо; Доштани маълумоти олӣ, дар самти муҳандиси. Доштани сертификат(ҳо) аз омӯзишҳои соҳаи поксозии минаҳо; Муошират ва корбарии озодонаи ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ; Донистани забони русӣ ва англисӣ афзалият дорад; Надоштани доғи судӣ; Вазъи устувори саломатии ҷисмонӣ ва рухиву равонӣ аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои тиббӣ; Таҷрибаи кории оид ба таҳияи лоиҳаҳо ва дархостҳо; Таҷрибаи кории оид ба гузаронидани корҳои баҳодиҳӣ дар соҳаи фаъолияти поксозӣ; Таҷрибаи доир ба системаи баҳодиҳӣ дар фаъолияти гурӯҳҳо; Таҷрибаи корӣ бо компютер, донистани барномаҳои компютерии Word, Excel ва Power Point. Ба ғайр аз ин корманд боз бояд дар маҳалҳои аз миллатҳои анъанаҳои гуногундошта, новобаста аз муносибатҳои шахсӣ, ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кор карда тавонад. Барои иштирок дар интихоби номзад ба вазифаи номбурда ҳуҷҷатҳоро (резюме-CV-ро ба забони тоҷикӣ ва англисӣ, мактуби ҳамроҳшаванда, тавсияномаҳо ва тамоми сертификату дипломҳои ба вазифаи эълон шуда ва таалуқдоштаро) бо қайди ному вазифа ба суроғаи электронии зерин фиристед: hr@tnmac.gov.tj ё ин ки метавонед ҳуччатҳои дар боло зикр гардидаро ба нишонии зерин пешниҳод намоед: 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 121, ошёнаи 3-юми бинои Ҳадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”. Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 15-уми июли соли 2026, соати 09:00. Телефонҳо: +992 221 – 66 – 87; +992 000027736. Почтаи электронӣ: hr@tnmac.gov.tj
TNMAC,
26.06.2026 11:15,
Душанбе
Ҷои кор »
Кормандони маъмурӣ