Андеррайтер

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Дирӯз 13:18 ID эълон: 16619024
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ш. Душанбе, 2 гузаргох кучаи Шарк 14
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Маблаггузори
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

Вазифаи ишғолкунанда: Андеррайтер

Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)

Вазифаҳои асосӣ:

• Таҳлили дархостҳои қарзӣ дар доираи расмиёт, маҳдудиятҳо ва мӯҳлатҳои дар ташкилоти қарзӣ муқарраршуда;

• Коркард ва санҷиши сифати маълумоти пешниҳодшуда аз ҷониби мизоҷон ва кормандони ташкилот;

• Муайян кардани хавфҳои қарзӣ ҳангоми таҳлил ва баҳодиҳии қарзҳо;

• Иштирок дар таҳия ва такмили равандҳои бизнес, маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ;

• Санҷиши дархосткунанда аз рӯи пойгоҳи БҚИТ ва аз рӯи рӯйхатҳои сиёҳ;

• Тамос бо дархосткунандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар ҳолати зарурӣ;

• Қабули қарорҳои ниҳоӣ оид ба тасдиқ ё рад кардани қарз дар доираи қоидаҳои тасдиқшуда;

• Тасдиқ ва дастгирии қарорҳои қарзӣ дар пойгоҳи махсус (модули қарзӣ);

• Омода ва пешниҳоди ҳисобот ба роҳбари мустақим;

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти олӣ;

• Таҷрибаи корӣ дар бонкҳо ё ташкилотҳои маблағгузории хурд дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 2 сол;

• Масъулиятноки дар қабули қарорҳо;

• Тафаккури таҳлилӣ;

• Малакаҳои компютерӣ (Ms Office);

• Малакаҳои аълои муошират;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

• Ростқавлӣ, эътимоднокӣ, масъулятнокӣ.

Шароити корӣ:

• Пардохти саривақтии музди меҳнат;

• Имкони пешравӣ дар мансаб;

• Тренингҳо ва таълим;

• Пардохти алоқаи мобилӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org

Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 15 июли соли 2026.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10

Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.

Эълонҳои монанд

  • Сархазинадор /Казначей
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифа: СархазинадорШаҳр: ДушанбеВақти корӣ: ПурраМасъулиятҳои асосӣ:• Идоракунии пардохтпазирии ҳаррӯзаи ташкилот бо асъори миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ.• Банақшагирӣ ва назорати ҷараёни пули нақд (Ҷараёни пули нақд), омода кардани тақвими пардохт. Ҷойгир кардани маблағҳои муваққатан дастрас ба пасандоз дар бонкҳои шарик.• Ҳисоб кардан ва риояи меъёрҳои мақбулияти БМТ, аз ҷумла пардохтпазирӣ, кифоятии сармоя ва меъёрҳои мавқеи асъор.• Омода кардани ҳисоботҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва дар шаклҳои муқарраршуда (ҳисоботи ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона).Таҳлили хатарҳо: Назорати номувофиқатии мӯҳлат (таҳлили фарқият), ҳассосияти меъёри фоизӣ ва нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ.Ҳамоҳангсозии ALCO: Омода кардани бастаи иттилоотии ALCO, гузаронидани таҳлили сенарияҳо (санҷиши стресс), тартиб додани протоколи ҷаласаҳо ва назорати иҷрои қарорҳои ALCO.• Идоракунии хатарҳои асъорӣ: Назорати хатарҳои асъорӣ оид ба қарзҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфта; машварат додан ба роҳбарият оид ба ҳимоя ва татбиқи маблағгузории муқобил барои коҳиш додани хатарҳои асъорӣ.• Ҷамъоварии маблағ: Идоракунии маблағгузории маҳаллӣ ва институтсионалӣ, аз ҷумла гуфтушунид дар бораи хатҳои қарзӣ, қарзҳои мӯҳлатнок ва воситаҳои бозтамвил бо бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои рушди бахши молиявӣ.• Ҳамкорӣ бо бонкҳои шарик оид ба кушодани суратҳисобҳо, тарифҳо ва коркарди муомилот.• Иштирок дар таҳияи модели молиявии ташкилот ва буҷетҳо.Талабот ба номзадҳо:• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия ва/ё иқтисод.• Ҳадди ақал 2 сол таҷриба дар вазифаи монанд дар ММД, бонк ё дигар муассисаи молиявӣ (афзалиятнок аст).• Донистани чаҳорчӯбаи меъёрии БМТ, ки фаъолияти ММД ва бонкҳоро танзим мекунад.• Маҳорати кор бо MS Excel (аз ҷумла ҷадвалҳои pivot, функсияҳо ва таҳлили маълумот).• Дарки принсипҳои идоракунии хавфи пардохтпазирӣ ва меъёри фоизӣ.• Диққат ба тафсилот, таҳаммулпазирӣ ба стресс ва қобилияти кор бо ҳаҷми калони маълумот.• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист; донистани забонҳои англисӣ як бартарӣ аст.Шароити корӣ:• Шуғли расмӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.• Музди меҳнати рақобатпазир (бо номзади муваффақ муҳокима карда мешавад).• Кор дар дастаи дӯстона ва як созмони устувори байналмилалӣ.• Имкониятҳо барои рушди касбӣ ва омӯзиш.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи “Сархазинадор” ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, 2-ум гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 21 июни соли 2026Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 02.06.2026 14:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сардори шуъбаи қарздиҳӣ
    ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи сардори Шуъбаи қарздиҳӣ довталабонро ба кор даъват менамояд.Масъулиятҳо:Тавсифи самтҳои асосӣ: * Ташкили самараноки сохтор ва равандҳои Кории Шӯъба, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои Гузоштаи Роҳбарияти Бонк нигаронида шудаанд; * мониторинги доимии бозори бонкӣ ва таҳлили маҳсулоти бонкҳои рақиб бо мақсади таҳия ва пешниҳоди маҳсулоти нави рақобатпазири қарзӣ барои КХМ ва қарздиҳии истеъмолӣ; * иштирок дар интихоб ва тайер кардани мутахассисон, инчунин ташкили омӯзиши доимии кормандони шӯъбаи қарздиҳии КХМ ВА қарздиҳии истеъмолӣ тибқи сиесати Кадрҳои Бонк; * таҳияи нишондиҳандаҳои самаранокӣ (KPI) ва системаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддии кормандони қарзӣ ва мутахассисони Самти Фаъолияти Шӯъба; • дар якҷоягӣ Бо департаменти маркетинг ва рушди тиҷорат, иштирок дар пешбурди маҳсулоти нави қарзӣ тавассути маъракаҳои таблиғотӣ дар бозорҳо, марказҳои савдо ва васоити ахбори омма.Талаботҳо:* Таҳсилоти олии иқтисодӣ; * Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 3 сол; * Донистани заминаи меъерии бонки Миллии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳӣ; * Малакаҳои таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии бонк; * Таҷрибаи ташкил ва гузаронидани омӯзиш барои кормандони самти қарзӣ; • Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ аст); * Моликияти боэътимоди барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook); * Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, дафтари асосӣ ва ғайра); * Истифодабарандаи боэътимоди нармафзори бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҳишмандон метавонан Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 30.06.с2026 ирсол намоянд.Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуд ҷавобгу ҳастанд.
    Шуъбаи кормандон, 16.06.2026 11:35, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Роҳбари департаменти идоракунии қарзҳои мушкилситон
    Вазифаҳо:• Ташкил ва назорати раванди бозгардонии қарзҳои мушкилситон ва қарзҳои батаъхирафтода;• Иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи идоракунии қарзҳои батаъхирафтода ва пешниҳоди ҳисобот оид ба вазъи сандуқи қарзҳои мушкилситон;• Банақшагирӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи бозгардонии қарзҳои батаъхирафтода ва аз ҳисоб баровардашуда;• Назорати фурӯши молу мулки ғайриманқули ба тавозуни Бонк гирифташуда;• Такмил додани равандҳои бозгардонӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки кор;• Роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони бозгардонӣ ва ҳуқуқшиносони филиалҳо;• Ташкил намудани омӯзиш ва баҳодиҳии фаъолияти кормандон;• Гузаронидани мониторинг ва сафарҳои хизматӣ ба филиалҳои Бонк;• Омода намудани ҳисоботҳои мунтазам барои роҳбарияти Бонк;• Иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият дар доираи вазифаҳои хизматӣ.Талабот:• Маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, бонкӣ ё ҳуқуқӣ;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 3 сол;• Таҷрибаи роҳбарӣ на камтар аз 2 сол;• Донистани равандҳои мурофиаи судӣ ва иҷрои санадҳои судӣ;• Шиносоии хуб бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;• Малакаҳои хуби таҳлилӣ, идоракунӣ ва муошират;• Маҳорати хуби кор бо компютер ва барномаҳои корӣ;• Қобилияти роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва кор дар даста.Шароит:• Кор дар яке аз бонкҳои пешсафи кишвар;• Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ;• Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими Бонк;• Маоши рақобатпазир;• Муҳити касбӣ ва дастаи муттаҳид.Резюмеи худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 01.06.2026 20:24, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Эксперти карзии корпоративи
    ҶСП ТАҚХ «Бизнес Капитал» мутахассиси фаъол ва бодиққатро ба вазифаи мутахассиси қарзҳои корпоративӣ даъват менамояд.Вакансия: Мутахассиси қарзҳои корпоративӣВазифаҳои асосӣ:• Таҳлил ва арзёбии дархостҳои қарзии мизоҷони корпоративӣ;• Омода намудани хулосаҳои қарзӣ ва пешниҳод ба кумитаи қарзӣ;• Назорат ва ҳамроҳии портфели қарзҳои корпоративӣ;• Омӯзиши ҳолати молиявии ширкатҳо ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ;• Арзёбии хавфҳо ва пешниҳоди чораҳои коҳиш додани онҳо;• Ҳамкорӣ бо мизоҷон ва пешниҳод намудани машваратҳои молиявӣ;• Риояи қоидаҳо ва тартиботи дохилии бонк.Талабот:• Маълумоти олӣ (иқтисод, молия ё бонкдорӣ);• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ё бонкдорӣ (афзалият дорад);• Дониши хуби таҳлили молиявӣ ва баҳодиҳии хавфҳо;• Истифодабарандаи хуби MS Office (Excel, Word);• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани англисӣ афзалият дорад);• Қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот ва таҳлил.Сифатҳои шахсӣ:• Масъулиятшиносӣ ва бодиққатӣ;• Ростқавлӣ ва боэътимодӣ;• Қобилияти кор дар гурӯҳ;• Малакаҳои хуби муошират;• Қобилияти қабули қарорҳо дар шароити фишор.Мо пешниҳод мекунем:• Муҳити кори касбӣ ва рушдёбанда;• Имкониятҳои рушду пешрафти касбӣ;• Маоши рақобатпазир;• Бастаҳои иҷтимоӣ мувофиқи сиёсати ширкат.Барои ишголи вазифа ба мо CV равона намоед:hr@bcbank.tj+992 710090009
    ЗАО МДО Бизнес Капитал, 22.06.2026 11:33, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси хурди шуъбаи мониторинги қарзҳо
    Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассисиси хурди мониторинги қарзҳо барои филиали ш.Душанбе эълон менамояд. Корманди вазифаи мазкур, масъули гузаронидани ҳама гуна мониторингҳои қарзӣ мебошад, ки дар асоси талаботҳои Сиёсати қарзӣ ва Дастурамали амалиётҳои қарзӣ, коргузориҳо ба роҳ монда мешаванд. Талаботҳо:• Дараҷаи бакалавр дар соҳаи молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, иқтисод, идоракунии соҳибкорӣ ё соҳаи дахлдор.• Таҷрибаи 1-2 сол дар таҳлили қарзӣ, таҳлили молиявӣ ё нақши алоқаманд дар бахши бонкӣ ё хидматрасонии молиявӣ (таҷрибаомӯзӣ ё вазифаҳои сатҳи ибтидоӣ метавонанд баррасӣ шаванд).• Дар сатҳи хуб донистани забони тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ афзалиятнок аст;• Қобилияти аз худ кардани қонунгузорӣ;• Қобилияти аз худ кардани Низомномаҳои Бонки Миллии Тоҷикистон;• Малакаҳои хуби аналитикӣ ва донистани математика;• Малакаҳои хуби донистани барномаи Excel;Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 12 Июни соли 2026 ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 12.06.2026 15:34, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    OXUS OXUS

    Дар сайт аз май, 2019

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust