Менеҷери фурӯш

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 15.07.2026 12:51 ID эълон: 16582022
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Sk.khonaho
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Фуруши хонахо
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Шумо ҷавони ташнаи пул ҳастед? Мехоҳед дар яке аз даромадтарин соҳаҳои Тоҷикистон — соҳаи амволи ғайриманқул (хонафурӯшӣ) соҳиби касбу кори касбӣ шавед? Агентии мо дастаи худро калон карда истодааст ва Менеҷерони фурӯшро ба кор даъват мекунад!

Мо ба шумо танҳо ҷои кор не, балки имконияти сохтани ояндаатонро пешниҳод мекунем.

💼 Вазифаҳои шумо:

Кор дар офиси муосир ва шинам;

Қабули зангҳо ва муоширати касбӣ бо мизоҷон;

Фаҳмондани бартариятҳо ва намоиши объектҳои сохтмонӣ ба муштариён;

Кӯмак ба мизоҷон дар интихоби хонаи орзуҳояшон.

💰 Шароитҳои мо:

Маоши баланд: Мо ба шумо фоизи хеле баланд (комиссия) аз ҳар як шартномаи фурӯшро пешниҳод мекунем. Даромади шумо танҳо ба худатон ва ҳаракататон вобаста аст;

Омӯзиши ройгон: Агар таҷриба надошта бошед, хеч гап нест! Мо ба шумо тамоми сирру асрори соҳаи амволи ғайриманқул, скриптҳои фурӯш ва тарзи сӯҳбат бо мизоҷро аз нол (0) меомӯзонем;

Дастгирии доимии роҳбарият ва дастаи аҳл.

🎯 Талабот ба номзадҳо:

Сину сол: аз 18 то 30 сола;

Шахсоне, ки хоҳиши зиёди пул кор кардан ва омӯхтанро доранд;

Муоширати хуб ва қобилияти зуд ёфтани дили мизочон;

Эълонҳои монанд

  • Менеҷери фуруш
    📢 ВАКАНСИЯ: МЕНЕҶЕРИ ФӮРӮШ Ширкати «Амал» – яке аз пешсафон дар фурӯши дарҳои премиум ва ламинат, барои васеъ намудани дастаи худ менеҷери фаъол ва масъули фурӯш қабул менамояд. Вазифаҳо: ✅ Машварат додан ба мизоҷон; ✅ Фурӯши дарҳо ва ламинат; ✅ Омода намудани пешниҳодҳои тиҷоратӣ; ✅ Ҳамроҳии мизоҷ то анҷоми харид; ✅ Пешбурди муносибатҳои хуб бо муштариён. Талабот: Муоширати хуб ва муносибати хуш; Масъулиятшиносӣ ва фаъолият; Малакаи фурӯш (таҷриба бартарӣ дорад); Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; Истифодаи оддии компютер ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Мо пешниҳод мекунем: ✔️ Маоши рақобатпазир ✔️ Омӯзиши ройгон; ✔️ Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ; ✔️ Муҳити дӯстона ва бароҳати корӣ. 📍 Агар шумо мехоҳед дар як ширкати боэътимод фаъолият намоед ва даромади хуб дошта бошед, ба дастаи «Амал» ҳамроҳ шавед! Барои маълумоти бештар ва ирсоли резюме бо мо дар тамос шавед.
    Диловар, 30.07.2026 15:30, Душанбе
    Ҷои кор » Тиҷорат, савдои чакана
  • Менеджер оид ба ҷалби амволи ғайриманқул
    🏢 MR.ESTATE БА ДАСТАИ ХУД МЕНЕҶЕР МЕҶӮЯД 🔎 МЕНЕҶЕР ОИД БА ҶАЛБИ АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ Дар бораи мо: MR.ESTATE - Ширкати амволи ғайриманқул тули 1.5 сол аст ки мо фаолият дорем . Мо ба соҳибмулкон кӯмак мерасонем,ки манзилҳои худро зуд, осон ва бо муштарии мувофиқ ба иҷора диҳанд. 🎯 ВАЗИФАИ ШУМО Ҷустуҷӯ ва ҷалби соҳибмулкони нав ва ворид намудани объектҳои босифат ба базаи MR.ESTATE. 📌 УҲДАДОРИҲО • Ҷустуҷӯи объектҳо ва соҳибмулкон • Тамос ва гуфтушунид • Пешниҳоди ҳамкорӣ • Ҷамъоварии маълумоти объект • Дохил намудан ба базаи ширкат • Иҷрои нақшаи моҳона 👤 НОМЗАДИ МО Фаъол • Муоширатчӣ • Масъулиятшинос • Натиҷагаро • Ҳадафманд Таҷриба дар соҳаи амволи ғайриманқул бартарӣ аст, аммо ҳатмӣ нест. ⭐ НАТИҶАИ АСОСӢ Ҷалби мунтазами соҳибмулкони нав ва объектҳои босифат барои рушди база ва даромади ширкат. 🚫 СТОП-ФАКТОРҲО ❌❌Бемасъулиятӣ • ❌❌Тарс аз муошират • ❌❌Фаъол Набудан ❌❌ Сари Вахт Ба Кор Наомадан ❌❌ аз 25 Соло Боло ❌❌писар ❌❌ Агар Шумо Муомила Карда Натавонед 🚀 ИМКОНИЯТҲОИ MR.ESTATE 📚 Омӯзиш ва дастгирии касбӣ 📈 Имконияти рушди мансабӣ 💰 Имконияти зиёд кардани даромад аз рӯи натиҷа 🏆 Бонус ва мукофот барои иҷрои нақша 🤝 Кор дар дастаи фаъол ва рушдёбанда ### 💼 ШАРОИТИ КОР ВА МАОШ 📍 Ҷойи кор: Душанбе кучаи Рудаки Домпечат 🕐 График: 10:00-18:00 6/1 тибқи ҷадвали ширкат 🏢 Формати кор: офис + ҷустуҷӯ ва ҷалби объектҳо 📱 Воситаҳои корӣ: телефон, WhatsApp ва базаи ширкат 💵 Маош 2000 + бонус барои натиҷа ( метавон аз 10 000) боло кор кард агар кушиш кунед Чӣ қадаре ки натиҷаи шумо баланд бошад, ҳамон қадар имконияти даромади шумо бештар мешавад.
    MR.ESTATE, 10.08.2026 19:22, Душанбе
    Ҷои кор » Тиҷорат, савдои чакана
  • Менеҷери фурӯш
    Ба вазифаи Менеҷери фурӯш (аз рӯи минтақаҳо) Ширкат барои пурзӯр намудани дастаи худ менеҷерони фурӯш-ро барои фаъолият дар минтақаҳои Бохтар (Қӯрғонтеппа), Хуҷанд ва шаҳри Душанбе ба кор даъват менамояд. Вазифаҳо: Ҷалб ва рушди мизоҷони нав. Нигоҳдорӣ ва рушди ҳамкориҳо бо мизоҷони мавҷуда. Иҷрои нақшаи фурӯш. Гузаронидани гуфтушунид ва муаррифии маҳсулот. Омода намудани ҳисоботҳои даврӣ. Талабот: Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш бартарӣ дорад. Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид. Масъулиятшинос, фаъол ва натиҷамеҳвар. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Мо пешниҳод менамоем: Маоши рақобатпазир. Омӯзиш ва дастгирӣ ҳангоми оғози фаъолият. Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ. Муҳити кори дӯстона ва устувор. Ҷойи кор: Бохтар, Хуҷанд ва шаҳри Душанбе. Резюмеи худро ирсол намоед ё барои маълумоти иловагӣ бо мо дар тамос шавед. Телефон :900099050 WhatsApp :900099050 Telegram :900099050
    Tajfood LLC, 16.07.2026 14:04, Душанбе
    Ҷои кор » Тиҷорат, савдои чакана
  • Менеҷери фуруш
    ҶДММ «Муҳаммад созанда» барои пурзӯр намудани ҳайати худ менеҷери фаъол ва ҳадафмандро барои фурӯши манзилҳои навбунёд ба кор қабул менамояд. Агар шумо бо мизоҷон муоширати хуб дошта бошед ва хоҳиши даромади баландро дошта бошед, пас мо шуморо ба дастаи худ даъват мекунем.Вазифаҳо:Машварат додан ба мизоҷон оид ба хариди манзилҳои навбунёд.Пешниҳоди манзилҳои мувофиқ вобаста ба талаботи мизоҷ.Ҳисоб кардани арзиши манзил ва омода намудани пешниҳоди тиҷоратӣ.Ҳамроҳӣ намудани мизоҷ аз муроҷиати аввал то бастани шартнома.Иҷро намудани нақшаи фурӯш.Нигоҳдорӣ ва кор бо пойгоҳи мизоҷон.Талабот:Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш (таҷриба дар фурӯши амволи ғайриманқул бартарӣ дорад).Маҳорати хуби муошират ва гуфтушунид.Донистани кор бо компютер.Масъулиятшиносӣ, фаъолият ва натиҷамеҳварӣ.Хоҳиши рушд ва ба даст овардани даромади хуб.Мо пешниҳод менамоем:Маоши устувор + фоизи баланд аз ҳар як фурӯш.Омӯзиши ройгон ва дастгирӣ дар давраи мутобиқшавӣ.Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ.Муҳити хуби корӣ ва дастаи дӯстона.Реҷаи кор: аз 08:30 то 18:00📩 Тарзи дархост:Агар шумо хоҳиши ҳамроҳ шудан ба дастаи моро дошта бошед, анкета (CV)-и худро тавассути WhatsApp ё Telegram ба рақами зерин ирсол намоед ё ин ки ба тамос бароед.📱 WhatsApp / Telegram: +992 943 656565Мо интизори ҳамроҳ шудани шумо ба дастаи ҶДММ «Муҳаммад созанда» ҳастем!
    Нусратулло, 07.08.2026 16:21, Рӯдакӣ
    Ҷои кор » Тиҷорат, савдои чакана


  • Шартномавӣ
    Абду

    Дар сайт аз сен, 2025

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust