Фаррош
Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмиллалии башардӯстонаи
«Good Neighbors International» дар ҶТ дар н. Шаҳритус барои ишғоли
ҷойи кории холӣ ба вазифаи фаррош ОЗМУН эълон менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Ҳаррӯз тоза кардани утоқҳои корӣ, зинапоя, роҳрав, ҳоҷатхона ва дигар ҷойҳои бино;
• Бартараф кардани чангу хок ва шустани, дастӣ ва ё бо воситаи асбобҳо шустани деворҳо, фарш, шифт, дару тирезаҳо, мебел ва қолинҳо;
• Ҳар рӯз холӣ кардани сабадҳои партов ва партофтани онҳо дар ҷойҳои махсуси ҷудошуда;
• Шустани зарфҳо дар давоми соатҳои корӣ;
• Тоза кардани биноҳои вобасташуда, инчунин саҳни биноҳо;
• Тоза нигоҳ доштани сатилҳо барои партовҳо, саривақт тоза ва дезинфексия кардани онҳо;
• Ҳар моҳ шустушӯ ва тоза кардани генералии бино (шустани дару тиреза, мебел ва таҷҳизотҳои дигар);
• Дар ҳолати тоза ва хушк нигоҳ доштани асбобҳои корӣ;
• Пешниҳод кардани ҳисоботи ҳармоҳа оид ба сарф кардани маводҳои шустушӯӣ, коғази ташноб ва ғ.;
• Хабар кардани корманди ваколатдор оид ба норасоиҳои мушоҳидашуда, корношоямии таҷҳизотҳои техникӣ;
• Ва дигар иҷро кардани супоришҳои хизматии роҳбар.
Талабот ба номзадҳо:
• Ба кор дер накардан;
• Бо кормандон хушмуомила будан;
• Риоя намудани ҷадвали корӣ;
• Риоя кардани меъёрҳои гигиенаи шахсӣ;
• Пушидани либоси махсус барои тоза намудани идора;
• Доштани дафтачаи санитарӣ ҳатмӣ мебошад.
Шартҳои Шартнома: Шартномаи хизматрасонӣ
Вақти кори: 4 соат дар як рӯз, 5/2.
Танҳо он номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, барои сӯҳбат даъват карда хоҳанд шуд.
______________________________________________________________
• Лутфан шакли Аризаро аз идораи н. Шаҳритус дарёфт карда онро пур намуда то санаи 30 июни соли 2026 пешниҳод намоед.
• Тел. барои маълумот: +992 77 888 54 55 дар Шаҳритус
Нишонӣ барои пешниҳод намудани аризаҳо: Шаҳритус, к. Каландар Хоитов 26.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust