Аналитик
ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — ТАҲЛИЛГАР (АНАЛИТИК) Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ таҳлилгар (аналитик)-ро ҷустуҷӯ менамоем.Вазифаҳо:- Таҳлили фурӯш аз рӯи минтақаҳо, филиалҳо ва намудҳои маҳсулот;- Омода намудани ҳисоботҳо оид ба фурӯш, пойгоҳи фаъоли мизоҷон (АКБ), роҳбарони бахши фурӯш ва намояндагони савдо;- Назорати бақияи молҳо ва раванди борфиристонӣ;- Омода намудани ҳисоботҳо барои ҳисобкунии музди меҳнат ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарияти ширкат.Талабот:- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё ихтисосҳои ҳамсон;- Таҷрибаи корӣ дар ширкати тиҷоратӣ на камтар аз 1 сол;- Таҷрибаи кор дар соҳаи фурӯш бартарӣ ҳисобида мешавад;- Маҳорати хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва 1С;- Тафаккури таҳлилӣ ва бодиққатӣ ба ҷузъиёт.Шароитҳои кор:- Ба кор қабул намудан тибқи қонунгузории меҳнат;- Имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ;- Муҳити дӯстона ва дастаи касбӣ.- Синну сол: аз 22 то 45 сола. Тарзи муроҷиат:- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электронии ирсол намоянд. Мавзӯи нома: «Аналитик».
2 ҳафта пеш Душанбе
Кассир в ДРЦ
Мо дар ҷустуҷӯи Хазинадор барои Маркази фароғатии кӯдакон ҳастем!Вазифаҳо:- Хизматрасонӣ ба меҳмонон дар назди хазина;- Қабули пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;- Кор бо дастгоҳи хазинавӣ ва POS-терминал;- Кушодан ва бастани басти кории хазина;- Пешбурди ҳисоботи хазинавӣ;- Машварат додан ба меҳмонон оид ба хизматрасониҳо ва аксияҳои марказ;- Риояи интизоми хазинавӣ ва стандартҳои хизматрасонӣ.Талабот:- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси хазинадор на камтар аз 1 сол;- Малакаи хуби кор бо таҷҳизоти хазинавӣ;- Донистани қоидаҳои кор бо маблағҳои пулӣ;- Бодиққатӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ;- Муоширати хуб ва нутқи равону фаҳмо;- Қобилияти кор бо шумораи зиёди меҳмонон.Мо пешниҳод мекунем:- Ба кори расмӣ қабул намудан;- Музди меҳнати устувор;- Реҷаи кори баставӣ;- Шароити бароҳати меҳнат;- Дастаи дӯстона;- Имконияти рушди касбӣ. Довталабони хохишманд, резюмеи худро ба почтаи электронии business_hr_1@mail.ru бо қайди «Хазинадор (Маркази фароғатии кӯдакон)» ирсол намоед.
Дирӯз Душанбе
Муҳосиб
МуҳосибШиркати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи муҳосиб даъват менамояд. 🔹 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• маълумоти олии иқтисодӣ дар соҳаи молия ва қарз. (Финансы и кредит)• таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибӣ — на кам аз 1 сол;• таҷрибаи корӣ дар вазифаи муҳосиб;• Кор бо барномаи 1С,донистани хуби MS Excel ва MS Word ;• малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ ;• масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ,қобилияти таҳлилӣ ва муташаккилӣ. 🔹 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• иштирок дар ташкили дуруст ва саривақтии баҳисобгирии муҳосибӣ;•назорати дурустии бақайдгирии амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалия;• иштирок дар таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ, молиявӣ ва андозӣ;• Назорат,таҳлил,ҳамоҳангсозии равандҳои дахлдор;• Кор бо ҳуҷҷатҳо, кормандон, пудратчиён ё дигар тарафҳо;• Иҷрои супоришҳои ҷории роҳбарият. 🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):📧interr.s.hr@gmail.com📧 jobs@intersokhtmon.tj📧 j.shodmonov0094@gmail.com📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992711117337+992 710 301 111📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.« Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
1 ҳафта пеш Душанбе
Мухосиби калон дар Филиал
📢 ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» ба кор даъват менамояд!Вазифа: Муҳосиби калон филиал (ш. Хуҷанд)Бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ, ҶСП ТАҚХ «Сандуқ» мутахассиси соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва ташаббускорро барои ишғоли вазифаи муҳосиби калони филиал дар шаҳри Хуҷанд ба кор даъват менамояд.📍 Ҷойи кор: шаҳри ХуҷандӮҳдадориҳои асосӣ:Ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибии филиал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;Назорати дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ;Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи муҳосибӣ, андоз ва дигар ҳисоботи ҳатмӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;Назорати амалиётҳои хазинавӣ ва бонкӣ;Гузаронидани санҷиши ҳисоббаробаркунӣ бо мизоҷон ва шарикон;Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои санҷишҳои дохилӣ ва беруна;Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;Иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба мансаби ишғолнамуда вобастаанд.Талабот ба номзад:Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳосибот, молия ё иқтисод;Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот на камтар аз 3 сол;Таҷрибаи кор дар бонк ё ташкилоти қарзии хурд бартарӣ дорад;Донистани қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Маҳорати хуби кор бо 1С, Microsoft Excel ва дигар барномаҳои компютерӣ;Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва қобилияти таҳлили маълумот;Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Мо пешниҳод менамоем:Кори доимӣ дар ташкилоти молиявии устувор ва рушдёбанда;Музди меҳнати рақобатпазир;Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;Муҳити хуби корӣ ва дастаи дӯстона.Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:Шахсони хоҳишманд метавонанд CV (тарҷумаи ҳол)-и худро ба суроғаи электронии hr@sanduk.tj ирсол намуда, дар мавзӯи мактуб «Муҳосиби калони филиал (ш. Хуҷанд)» нависанд.☎️ Барои маълумоти иловагӣ: +992 90 255 79 77
3 ҳафта пеш Хуҷанд
