Инкассатор, ш.Ҳисор

Ҳисор
Санаи ҷойгиршавӣ: Дирӯз 14:11 ID эълон: 15852779
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ЗАО Банк Арванд
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк
Ҷойгиршавӣ: Ҳисор

Бонки Арванд барои ишғоли вазифаи инкассатор номзадҳои масъулиятнок, бодиққат ва ҷисман омодаро ба кор даъват менамояд.

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

- Қабул, ҳамлу нақл ва супоридани воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳо мувофиқи талаботи муқарраршуда;

- Таъмини бехатарии маблағҳо ва арзишҳо ҳангоми интиқол;

- Риояи қатъии қоидаҳои амният ва дастурамалҳои дохилии бонк;

- Санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва яклухтии халтаҳои инкассатсионӣ;

- Таъмини махфияти маълумоти хизматӣ;

- Сари вақт хабар додани роҳбарият дар ҳолатҳои фавқулода.

Талабот ба номзад:

- Маълумоти миёна ё махсус;

- Омодагии хуби ҷисмонӣ;

- Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бартарӣ дорад;

- Малакаи истифодаи яроқ (бартарӣ дода мешавад);

- Донистани қоидаҳои амният ҳангоми ҳамлу нақли маблағҳо;

- Масъулиятнокӣ, ростқавлӣ ва интизоми баланд;

- Қобилияти кор дар даста.

Мо пешниҳод менамоем:

- Кори доимӣ дар бонки боэътимод;

- Музди меҳнати рақобатпазир;

- Бастаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузорӣ;

- Муҳити касбии рушдёбанда.

Барои маълумоти бештар ва сабти ном ба рақамҳои зерин занг занед:

+992 92 795 00 01 (WhatsApp, Telegram)

hr@arvand.tj

Эълонҳои монанд

  • Муҳосиб амалиётгар ш. Бохтар
    ҶДММ ТАҚҲ “Азизӣ-Молия” барои ишғоли вазифаи муҳосиб амалиётгар довталабонро ба кор даъват менамояд.Уҳдадориҳои асосӣ:• Расонидани ёрии машваратӣ оиди истифодаи маҳсулотҳои бонкӣ, хизматрасонӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои бонкӣ ба мизоҷон;• Кушодани суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тайёр намудани шартномаҳои хизматрасонӣ;• Дуруст тартиб додани ҳуҷатҳои амалиётӣ, хазинавӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавӣ;• Пешбурд ва танзими амалиётҳои баҳисобгирӣ;• Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот;Талаботҳои асосӣ:• Маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот);• Таҷрибаи корӣ на кам аз 1-сола дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонАнкетаи худро метавонед ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ №203 "б", ё суроғаи электронӣ vacancy@azizimoliya.tj ирсол намоед.Телефон барои тамос: (92) 909-12-04 (44) 630-20-10Эзоҳ: танҳо номзадоне, ки ба талаботи ҷойи корӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Azizi-Moliya, 01.06.2026 09:41, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Коршиноси қарзӣ / Мутахассиси соҳаи қарздиҳӣ
    МХБ ЧСК Коммерсбонки Точикистон дар н Б.Гафуров, қабули Коршиноси қарзиро эълон мекунад! Вазифаҳои шумо: Ҷалби мизоҷон ва фурӯши маҳсулоти қарзии бонк. Арзёбии қобилияти пардохтпазирии мизоҷон. Назорати босифати портфели қарзии худ. Мо пешниҳод мекунем: Музди меҳнати устувор ва рақобатпазир (маоши заминавӣ + низоми шаффофи бонусҳо. Бақайдгирии расмии корӣ мувофиқи Кодекси меҳнати ҶТ. Имконияти рушди касбӣ ва баландшавии мансаб дар дохили бонк. Шароити муосири корӣ ва коллективи аҳл. Дастрасӣ ба воситаҳои пешрафтаи рақамӣ барои кор бо мизоҷон. Фоизи бонки мо аз хамаи дигар бонкхо паст аст .
    FFF, 22.06.2026 13:46, Бобоҷон Ғафуров
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси Қарздихи
    Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассиси ҚарздиҳӣҶои фаъолият: Филиали ш. ДушанбеВазифаҳои асоси:• Тадқиқот/ пайдо намудани муштариёни эҳтимоли;• Ба имзо расонидани шартномаҳо, тақсими қарзҳо, назорат намудани супоридани пардохти қарзҳо.• Мониторинг(назорат)-и мизоҷон.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти оли;• Маҳорати иртиботии хуб. Бо забонҳои тоҷики ва руси ҳарф задан.• Таҷрибаи кор дар ташкилотҳои хурди қарздиҳи дастгири карда мешавад.• Малакаҳои шахси, қобилияти кор дар як даста;• Ҳисси баланди масъулият.Шароити хуби кори:• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Имконияти болоравии мансабӣ.Ба занҳо афзалият дода мешавад.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи Рудаки 7А ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 21 июни соли 2026.Рақами телефон: (992) 98 951 00 10Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд
    OXUS, 02.06.2026 16:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба маблаггузори
    Равзанаи бонкии исломи- филиали ЧСП "Хумо Бонк"ба дастаи худ мутахассиси масъулиятшинос, бодиққат ва ташаббускореро даъват менамоем, ки омодаи рушду такомули касбӣ дар соҳаи бонкӣ бошад. Агар шумо ба хизматрасонии босифат ба мизоҷон равона шуда, қобилияти кори дастаҷамъона дошта бошед, барои рушди касбӣ кӯшиш намоед ва омодаи азхуд кардани дониш ва малакаҳои нав бошед, бо камоли майл шуморо дар ҳайати кормандони худ даъват менамоем. Ухдадории вазифави: - маблаггузори мувофики принсипхои исломи - машварат бо мизочон Шартхои кори: - бе тачрибаи кори ба кор кабул менамоем. - омузиши касби - маоши хуб ва бонусхо Офис: Чоррохаи Спартак ру ба руи боги кудакона Шумо метавонед анкетаи худро тарики почтаи admin-ravzana@humo.tj равон намоед ё ба офис мурочиат намоед.
    Администратор, 08.07.2026 17:11, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор - амалиётчи
    ХАЗИНАДОРҶСП ТАҚХ “Сандуқ” барои ишғоли вазифаи Хазинадор-амалиётчии Филиал дар шахри Панҷакент довталабонро ба кор даъват менамояд.Вазифаҳо:-Қабул ва додани пули нақд;- Гузаронидани амалиётҳои мубодилаи асъор;- Пешбурди ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва журналҳо;- Муайян намудани қобилияти пардохтии пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо.- Хизматрасонӣ ба мизоҷон;Талабот:- Маълумоти олии иқтисодӣ - Таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои гуногун (таҷриба дар соҳаи бонкӣ бартарӣ дорад);- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;- Малакаҳои муошират;- Қобилияти истифодаи барномаҳои компютерӣ (MS Office);Номзадҳои ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи электронӣ ирсол намоянд: hr@sanduk.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифаро нишон диҳед).Телефон барои маълумот: +992 44 603 0707. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    ЗАО МДО Сандук, 23.06.2026 15:17, Панҷакент
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор-амалиётчӣ дар Фирдавсӣ
    Мо дар ҷустуҷӯи хазинадор-амалиётчӣ ҳастем.ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар касса — афзалият дорад;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ;• Диққатнокӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ;• Доштани маҳорати кор бо компютер;ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• Гузаронидани амалиётҳои кассавӣ;• Қабул ва пардохти пули нақд ба мизоҷон;• Муҳосиботи дурусти ҳуҷҷатҳои кассавӣ;• Назорат аз болои дурустии пардохтҳо;• Риояи қоидаҳои дохилӣ ва меъёрҳои амниятӣ;МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:• Ҷои кори доимӣ дар ташкилоти боэътимод;• Омӯзиш ва имконияти рушди касбӣ;• Муҳити бароҳат ва коллективи дӯстона;Хоҳишмандон метавонанд анкетаи худро ба почтаи мо hr@arvand.tj ё тариқи WhatsApp, Telegram 92-795-00-01 ба мо равон кунанд.Барои маълумоти бештар: 92-795-00-01;
    Арванд, 22.06.2026 10:52, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сархазинадор /Казначей
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифа: СархазинадорШаҳр: ДушанбеВақти корӣ: ПурраМасъулиятҳои асосӣ:• Идоракунии пардохтпазирии ҳаррӯзаи ташкилот бо асъори миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ.• Банақшагирӣ ва назорати ҷараёни пули нақд (Ҷараёни пули нақд), омода кардани тақвими пардохт. Ҷойгир кардани маблағҳои муваққатан дастрас ба пасандоз дар бонкҳои шарик.• Ҳисоб кардан ва риояи меъёрҳои мақбулияти БМТ, аз ҷумла пардохтпазирӣ, кифоятии сармоя ва меъёрҳои мавқеи асъор.• Омода кардани ҳисоботҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва дар шаклҳои муқарраршуда (ҳисоботи ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона).Таҳлили хатарҳо: Назорати номувофиқатии мӯҳлат (таҳлили фарқият), ҳассосияти меъёри фоизӣ ва нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ.Ҳамоҳангсозии ALCO: Омода кардани бастаи иттилоотии ALCO, гузаронидани таҳлили сенарияҳо (санҷиши стресс), тартиб додани протоколи ҷаласаҳо ва назорати иҷрои қарорҳои ALCO.• Идоракунии хатарҳои асъорӣ: Назорати хатарҳои асъорӣ оид ба қарзҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфта; машварат додан ба роҳбарият оид ба ҳимоя ва татбиқи маблағгузории муқобил барои коҳиш додани хатарҳои асъорӣ.• Ҷамъоварии маблағ: Идоракунии маблағгузории маҳаллӣ ва институтсионалӣ, аз ҷумла гуфтушунид дар бораи хатҳои қарзӣ, қарзҳои мӯҳлатнок ва воситаҳои бозтамвил бо бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои рушди бахши молиявӣ.• Ҳамкорӣ бо бонкҳои шарик оид ба кушодани суратҳисобҳо, тарифҳо ва коркарди муомилот.• Иштирок дар таҳияи модели молиявии ташкилот ва буҷетҳо.Талабот ба номзадҳо:• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия ва/ё иқтисод.• Ҳадди ақал 2 сол таҷриба дар вазифаи монанд дар ММД, бонк ё дигар муассисаи молиявӣ (афзалиятнок аст).• Донистани чаҳорчӯбаи меъёрии БМТ, ки фаъолияти ММД ва бонкҳоро танзим мекунад.• Маҳорати кор бо MS Excel (аз ҷумла ҷадвалҳои pivot, функсияҳо ва таҳлили маълумот).• Дарки принсипҳои идоракунии хавфи пардохтпазирӣ ва меъёри фоизӣ.• Диққат ба тафсилот, таҳаммулпазирӣ ба стресс ва қобилияти кор бо ҳаҷми калони маълумот.• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист; донистани забонҳои англисӣ як бартарӣ аст.Шароити корӣ:• Шуғли расмӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.• Музди меҳнати рақобатпазир (бо номзади муваффақ муҳокима карда мешавад).• Кор дар дастаи дӯстона ва як созмони устувори байналмилалӣ.• Имкониятҳо барои рушди касбӣ ва омӯзиш.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи “Сархазинадор” ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, 2-ум гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 21 июни соли 2026Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 02.06.2026 14:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Арванд Арванд

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust