1 этажн. 4-комн. дом, 10 соток, Рӯдакӣ / Исмоили Сомонӣ
































4 хона. Замин якҷоя бо хона 10 сотих.
Макон ва табиату обу ҳавояаш бениҳоят хушу зебо ва ҳатто беҳтар аз ҷой ва табиати Варзоб аст. Пушти хона адир ва ҷангал. Ҳам дарахтон ва гулу гиёҳҳои худрӯй: дӯлонаю олучаи кӯҳӣ ва ҳам дарахтони шинонидашудаи мевадиҳанда дорад. Баҳор, бӯйи гулҳо (беҳтар аз атр) ба машом мерасад. Субҳу шом булбулон нағмасароӣ мекунанд. Барои зиндагӣ, дамгирӣ, табобату осоиш ҳамчун хонаи доимии зист ё дача ҷойи хеле роҳату ҳаловат аст. Барои боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯри асал, кишту кори полезӣ бисёр мувофиқ аст. Касе ки мегирад, пушаймон нахоҳад шуд.
Нишонӣ:
Деҳаи Чавалай, ҷамоати Қиблаӣ.
Деҳаи Чавалай, гарчанде расман ба ноҳияи Рӯдакӣ дохил шавад ҳам, аммо саршавии он ба кӯчаи марказии Душанбе — хиёбони Рӯдакӣ пайваст аст. Аз маҳаллаи Водонасоси пойтахт ҳамагӣ 4 км (давоми кӯчаи С.Амиршоев).
Варианти иваз кардан низ ҳаст: якто духонагӣ ва якто якхонагии тайёр, яъне дар 2 ҷойи Душанбе бояд бошад. Вариантҳои ба ҳамин монанд боз баррасӣ карда мешаванд.
Эълонҳои монанд


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust