Рохбари МХБ Шахритус
Мо роҳбари Маркази хизматрасониҳои бонкӣ меҷӯем!
Агар Шумо қобилияти роҳбарӣ дошта бошед, аз фаъолияти бонкӣ хуб огоҳ бошед ва тавонед дастаи худро илҳом бахшед — ба дастаи касбии мо ҳамроҳ шавед!
Вазифаҳои асосӣ:
🔸 Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти кормандони марказ;
🔸 Таъмини коммуникатсияи самаранок байни шуъба, филиал ва дафтари марказӣ;
🔸 Пешбурди фаъолонаи хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ;
🔸 Назорати риояи меъёрҳо ва стандартҳои хизматрасонии муштариён;
🔸 Дидан ва мониторинги фаъолияти мизоҷон дар ҷойҳои кориашон;
🔸 Мусоидат дар арзёбии амволи қарзгирандагони инфиродӣ;
🔸 Иштирок дар кори Кумитаи қарзии филиал.
Талабот ба довталаб:
▪️ Маълумоти олии касбӣ (иқтисод, молия ё менеҷмент);
▪️ Дониши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи микромолия;
▪️ Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонк ё ташкилоти молиявии хурд на кам аз 2 сол;
▪️ Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
▪️ Маҳорати хуби коммуникатсионӣ ва таҳлилӣ;
▪️ Дониши стратегияи пешбурди хизматрасониҳои молиявӣ;
▪️ Корбарии бомаҳорат бо компютер;
▪️ Дониши ибтидоии равоншиносӣ ва малакаҳои муоширати тиҷоратӣ.
Мо пешниҳод мекунем:
✔️ Маоши рақобатпазир ва низоми равшани бонусҳо;
✔️ Дастгирӣ ва муносибати кушодаи роҳбарият дар ҳар марҳила;
✔️ Имконият барои рушду пешрафти касбӣ ва мансабӣ;
✔️ Омӯзиш ва такмили ихтисос пайваста;
✔️ Рӯзҳои тандурустӣ, чорабиниҳои корпоративӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ;
✔️ Кор дар як дастаи дӯстию касбӣ ва ҳавасманд.


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust