Мутахассиси робита бо мизоҷони қарзҳои чакана
ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси робита бо мизоҷони қарзҳои чакана барои шуъбаи амалиётии саридора эълон менамояд.
Дорандаи ин вазифа барои ҷалби мизоҷони хурду миёна/корпоративӣ ва фурӯш ва пешбурди ҳама маҳсулоти бонкӣ, аз қабили қарзҳо, суратҳисобҳои корпоративӣ, пасандозҳо, кортҳои корпоративӣ, кортҳои музди меҳнат, интернет-банкинг ва POS/QR масъул аст. Корманди амалкунанда барои нигоҳ доштани сифати хуби портфолио ва нигоҳ доштани мизоҷони худ дар Бонк масъул аст.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия, бонкдорӣ ё дигар соҳаҳои алоқаманд;
• Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкдорӣ, беҳтараш дар қарздиҳӣ ба мизоҷони хурду миёна/корпоративӣ
• Саводнокии компютерӣ;
• Шиносоӣ бо қонунгузории маҳаллӣ;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
• Малакаҳои хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;
• Муоширати хуб ва пешбурди малакаҳо.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо – 21 феврали соли 2025.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
![Специалист бэк офиса](https://cdn.somon.tj/media/cache1/a1/fc/a1fc8cc1b6dcac912151a0f9260196d9.webp)
![Дизайнер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/a1/fc/a1fc8cc1b6dcac912151a0f9260196d9.webp)
![Мутахассиси карзи дар н. Сино](https://cdn.somon.tj/media/cache1/84/78/847844d3c273cdb60e0154d4ba11933c.webp)
![Мутахассиси қарзи](https://cdn.somon.tj/media/cache1/be/50/be501bec98b1d4a22b0afea17a1ea21d.webp)
![Продакт менеджер по карточному направлению](https://cdn.somon.tj/media/cache1/84/78/847844d3c273cdb60e0154d4ba11933c.webp)
![Специалист по работе с проблемными кредитами](https://cdn.somon.tj/media/cache1/0a/89/0a89ae8ef29b48af762d82964d13a849.webp)
![Специалист по розничным услугам ЦБО Кушониён](https://cdn.somon.tj/media/cache1/4c/62/4c625cfe6c8d643dcaee5a12b12f7d0d.webp)
![Программист](https://cdn.somon.tj/media/cache1/84/78/847844d3c273cdb60e0154d4ba11933c.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед