Муҳосиб - Нозир дар ш.Ваҳдат
Тими мо дар ҷустуҷӯи муҳосиб-нозир мебошад, ки мехоҳад малакаҳои худро дар бахши ҳисобдории муҳосибӣ ва пешбурди ҳуҷҷатҳо такмил диҳад. Ин беҳтарин имконият барои рушди мансабӣ дар соҳаи молия мебошад
Кор дар IBT ин:
• Фаъолияти расмӣ, ҷадвали кории 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ
• Музди устувори меҳнат, мукофотпулӣ барои натиҷаҳои хуб ва низоми шаффофи KPI
• Шартҳои махсус барои истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо барои ғизо ва алоқаи корпоративӣ
• Тренинг, омӯзиш ва курсҳои мунтазами таълимӣ барои рушди мансабӣ
• Фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои бозкушоии иқтидори фардӣ
Вазифаҳои асосии шумо инҳо хоҳанд буд:
• Пешбурди баҳисобгирии молиявӣ ва коркарди маълумот
• Омодасозии ҳисоботи аввалия, таҳлили он ва иҷрои вазифаҳои асосии муҳосиботӣ
• Коркарди дархостҳои қарзӣ, пешбурди ҳисоботҳо ва таъмини мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ
• Ҳамроҳии муомилоти қарзӣ ва таъмини мутобиқат ба талаботи Бонк
Ин кор барои Шумост, агар Шумо:
• Таҳсилоти олӣ ё махсус дар бахши баҳисобгирии муҳосибӣ, молия ё фанҳои ба он алоқаманд дошта бошед
• Донишҳои заминавии соҳаи баҳисобгирии муҳосибиро дошта бошед ва бо ҳаҷми зиёди ҳуҷҷатҳо кор карда тавонед
• Бо Excel озодона кор карда тавонед (формулаҳо, ҷадвалҳои ҷамъбастӣ, коркарди маълумот)
• Ба ҷузъиёт таваҷҷуҳкор ҳастед, тафаккури таҳлилӣ дошта бошед ва бо рақамҳо кор карда тавонед
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви дастаи IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Эълонҳои монанд






Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед