Менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкӣ дар ш.Кулоб
Тими мо менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкиро меҷӯяд, ки босалоҳият маслиҳат диҳад, маҳсулоти Бонкро пешниҳод кунад ва фурӯшад. Агар рушд ва пешравӣ ҳадафҳои асосии шумо бошанд, ба мо ҳамроҳ шавед
Кор дар IBT ин:
• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI
• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ
• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ
• Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худ
Вазифаҳои асосии шумо:
• Фаъолона пешниҳод ва машварат додани мизоҷони нав дар бораи маҳсулот ва хидматҳои IBT
• Нигоҳ доштани муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон, таҳлил ва рушди пойгоҳи муштариён
• Дастгирии муштариён дар коркарди маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо
• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо
Ин кор барои шумост, агар шумо:
• Мутахассиси дорои маълумоти миёна, нопурра ё олӣ мебошед
• Бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дониши грамматикӣ ва гуфтори фаъол доред
• Мехоҳед гуруи фурӯш шавед ва малакаҳои самаранокро омӯзед
• Мехоҳед дар соҳаи бонкдорӣ касб бунёд кунед
• Муносиб, мақсаднок, ташаббускор ва ҳамеша омода ба кӯмак ҳастед
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед