Хазиначӣ дар ш.Норак
Тими мо дар ҷустуҷӯи Хазинадоре мебошад, ки на фақат бо пули нақд кор мекунад, балки ба мизоҷон босифат хизмат мерасонад
Кор дар IBT ин:
• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ
• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI
• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ
• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ
• Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худ
Ин кор барои Шумост, агар Шумо:
• Дорои таҳсилоти миёнаи махсус ё олӣ бошед
• Таҷрибаи кор дар бонк ва ё соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷонро доред, агар не – мо омодаем ҳамаашро ба Шумо омӯзонем
• Дастурамалҳои БМТ-ро медонед
• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед
• Хайрхоҳ, хушхулқ, масъулиятшинос, таваҷҷуҳкор, ба стресс тобовар ҳастед ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаед
Вазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:
• Хизматрасонии хазинавӣ ба мизоҷон: амалиётҳои хазинавӣ, амонатҳо, гирифтани пули нақд, мубодилаи асъор
• Таъмини нигоҳдории пули нақд, қоғазҳои қимматнок ва дигар ашёи арзишноки Бонк
• Бурдани ҳисоботи дақиқи хазина ва риояи интизоми хазинавӣ
• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед