Translater/Тарҷумон
Намояндагии Фонди Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD).Эълони ҷои корӣ:Фонди Швейтсарӣ оид ба ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(FSD) як ташкилоти байналмилалии башардӯстона, ғайритиҷоратӣ, мустақил ва бетараф буда, дафтари марказии он дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир аст.ФСД аз соли 2003 ин ҷониб барнома-лоиҳаҳои башардӯстонаи безараргардонии минаҳоро дар Тоҷикистон амалӣ мекунад. Ҳадафи FSD аз байн бурдани минаҳо, боқимондаҳои муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ ва ифлоскунандаҳои кимиёвӣ мебошад, то одамон тавонанд ояндаи бехатарро барои худ бунёд кунанд ва насли наврас дар муҳити амн зиндагӣ намоянд.Дар барномаи Тоҷикистонии FSD ҷойи холии зерин кушода шуда дастрас аст ва мо бо хушнудӣ ба довталабони хоҳишманд таблиғ-эълон мекунем: Як (1) нафар тарҷумон, дорои малакаи тарҷумонии шифоҳӣ ва хаттӣ буда, забони англисиро хуб медонад ва озод гап мезанад, лозим аст. Ҷойи истиқоматаш шаҳри Душанбе бошад. Ҳангоми зарурат дар вақтҳои лозимӣ бо кормандони хориҷӣ дар вохӯриҳо иштирок намуда ба сафарҳои хизматии саҳроӣ меравад.Ин вазифа бо шартномаи мӯҳлаташ яксола (бо имкони тамдид) эълон гардидааст.Тарҷумон таҳти роҳбарии бевоситаи Менеҷери Барнома (MБ) мувофиқи талаботи Фонди Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои миллии поксозӣ аз минаҳо кор хоҳад кард. 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ1.1. Илова ба ин ҳуҷҷат, ҳамаи дигар шартҳои шуғл, ки дар Шартномаи умумии меҳнатии FSD муқаррар шудаанд, татбиқ мешаванд.1.2. Шумо ба таври лозима барои кормандони хориҷӣ махсусан мувофиқи дархост ба менеҷери барнома кӯмак мерасонед.2.ВАЗИФАҲО ВА МАСЪУЛИЯТҲО 2.1. Шумо ҳангоми зарурат тибқи хоҳишашон ба кормандони хориҷии FSD тарҷума ё тавсифи шифоҳӣ мекунед.2.2. Шумо ҳуҷҷатҳоро мувофиқи дархости менеҷери барнома ва кормандони ёрирасон тарҷума мекунед.2.3. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, шумо бевосита дар наздикии минаҳо ва дигар муҳимоти тарканда кор мекунед.2.4. Шумо кормандони хориҷиро дар сафарҳои кории саҳроӣ ҳамроҳӣ мекунед.2.5. Давомнокии сафарҳои саҳроӣ аз амалиётҳои саҳроӣ вобастагӣ дорад.2.6. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо (пешниҳодҳои лоиҳаҳо, Созишномаҳо, Меморандумҳо, мактубҳои расмӣ ва ғайра), тарҷумаи шифоҳии вохӯриҳо, семинарҳо, конференсияҳо, сабти протоколҳо.2.7. Тарҷумаи модулҳои таълимии тайёр кардани магистрҳои тиббӣ (асосӣ ва иловагӣ) машғулиятҳои мавсимӣ.2.8. Тарҷумаи гузоришҳо ва модулҳои OPS.2.9. Масъул барои имзои нотариалии ҳуҷҷатҳои тарҷумашудаи FSD ба монанди:Статуси FSD, Шаҳодатномаҳои воситаҳои нақлиётӣ, шиносномаҳои Expats ва ҳуҷҷати FSD.3. ГУНОГУН3.1. Интизор меравад, ки шумо вазифаҳои иловагиро, ки аз ҷониби кормандони воломақоми FSD дастур дода шудааст, иҷро мекунед.4.. ВАҚТИ КОРӢ4.1. Чи тавре, ки дар шартнома дарҷ гардидааст.Маълумоти иловагӣ:• Дархостҳо (CV) бояд ба идораи FSD дар суроғаи: ш. Душанбе, Тоҷикистон, кӯчаи Қ.Раҳимов, 6 - 8, гузаргоҳи 2 (наздикии тарабхонаи «Шаҳрисабз») дастрас ё ба суроғаи почтаи электронии зерин ирсол карда шаванд. aziz.mahmadov@staff.fsd.ch, arthur.gandzhumov@fsd.ch ва shakhnoza.karimova@fsd.ch • Дархостҳо танҳо дар сурате қабул карда мешаванд, ки тавассути шахс ё тавассути почта ё почтаи электронӣ фиристода шаванд.• Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо - то рӯзи 31 январи соли 2025, соати 17:00Пешниҳодҳо баробари дастрас шудан баррасӣ карда мешаванд.Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи эълони кори мазкур мувофиқат мекунанд.Барои маълумоти иловагӣ ба ин рақамҳо занг занед: 888008899 (барои маълумот аз соати 8:00 то 17:00 занг занед)
FSD,
Дирӯз 16:07,
Душанбе
Ҷои кор »
Кормандони маъмурӣ