Менеджер по продажам
Дар бораи ширкати мо:
Ширкати мо яке аз ширкатҳои пешрафтаи машваратӣ дар самти тиҷорат дар Тоҷикистон ба шумор меравад.Мо ба соҳибони тиҷорати хурду миёна дар соҳаи менеҷменти муосир, маркетинг, фурӯш, банақшагирии стратегӣ, молиявӣ ва воситаҳои сохтани даста кӯмак ва меомӯзонем. Идораи бароҳат ва замонавии мо дар наздикии маркази Душанбе ҷойгир аст. Коллективи мо аз чавонони доно, серғайрат иборат аст, ки меҳнат барояшон чизи дустдоштаи онҳост ва коллектив ба оилаи дуюм табдил ёфтааст. Ширкати мо ҳадафҳо, миссияҳо, арзишҳо, принсипҳо, қоидаҳои худро дорад. Аз ҷониби роҳбарият фарҳанги корпоративӣ, адолат ва эҳтиром вуҷуд дорад! Мо истеъдодро хеле қадр мекунем ва имкон медиҳем, ки дар ширкати мо боз ҳам рушд кунад.
Шумо барои мо мувофиқед, агар шумо:
- Агар шумо ҷавони аз синни 24 боло бошед;
- Агар майл ва шавқи фуруш дошта бошед;
- Агар хоҳиши инкишоф ва болоравӣ дошта бошед;
- Шахси дар курсҳои мо иштироккарда бошед;
Сифатҳои шахсии шумо:
- Саривақт дар кор ҳозир шудан, масъулиятнок будан;
- Муқовиматноки бар стресс, садоқатманд будан;
Уҳдадориҳои вазифавии шумо:
- Кор бо мизоҷон;
- Босифат фурухтани машваратҳо;
- Мониторинги риояи қонун ва қоидаҳои ширкат;
- Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо ва таҳлилҳои ширкат;
- Сари вақт иҷрои супоришҳои роҳбар;
- Нигоҳ доштани тозагӣ, тартибот ва фаъолият дар корхона.
Шартҳои корӣ:
- Ҷойи корӣ доимӣ;
- Ҷойи кори бо шароити хуб;
- Роҳхат ба дигар кишварҳои ҷаҳон дар як сол як маротиба;
Хоҳиш мекунем, резюмеи худро ба ин почта ирсол намоед: knazriev95@gmail.com
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед