Амалиётгари бэк-офис, Душанбе
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРУЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
• Қабули мизоҷон дар нуқтаи хизматрасонӣ;
• Шинос кардани мизоҷон бо шартҳои қарздиҳӣ;
• Пур кардани дархостҳои қарзии мизоҷон ва дигар хуҷҷатҳои лозима;
• Омода намудани шартномаи қарзӣ.
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун афзалиятнок шуморида мешавад;
• Донистани забони тоҷикӣ (русӣ ва узбекӣ афзалиятнок шуморида мешавад);
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Малакаи кор бо компютер.
Довталабони ҳавасманде,ки таҷрибаи корӣ надоранд вале хоҳиши зиёди омӯзиш карданро доранд, инчунин метавонанд ба ин вазифа хуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба маркази хазматрасонии Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди “Фурӯз” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 269/2 (9км) ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988350848
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед