Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон
ҶДММ ТҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.ҶДММ ТҚХ OXUS, ки дар зиёда аз 35 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд.Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон Ҷои фаъолият: ноҳияи ҶайҳунВазифаҳои асоси:• Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд;• Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;• Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ;• Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон;• Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан;• Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд;• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо;• Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз;Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти оли;• Махорати иртиботии хуб. Бо забонхои точики ва руси харф задан.• Тачрибаи кори дар дигар ташкилотҳо дастгири карда мешавад.Шароити хуби кори:• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Сари вақт гирифтани музди меҳнат;• Омузишҳо ва тренингҳо;Ба занҳо афзалият дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: нохияи Чайхун ш. Дусти, кучаи А.Беруни, хонаи 19 Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон » дар мавзуи мактуб равон намоедkurgantube.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 15 декабри соли 2024.Рақами телефон: (992) 918 23 06 85
Д.Т,
02.12.2024 10:11,
Ҷайҳун (Қумсангир)
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг