Мутахассис оид ба қарзҳои мушкилситон дар филиали н. Шахритус

Шаҳритӯз
Санаи ҷойгиршавӣ: 19.10.2024 22:04 ID эълон: 12584734
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ

Уҳдадориҳои асосӣ:

• Гузаронидани таҳлили сандуқи қарзии худ, бо истифода аз Ҳисоботҳо дар бораи кор бо қарзҳои мушкилситон;

• Рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтодае, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд(WR1070), тибқи Дастур оид ба рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтода;

• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои батаъхирафтода, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд;

• Гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ бо мизоҷони мушкилситон ва шахсони алоқаманди онҳо, боварӣ ҳосил кунондан ва моил карани онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»;

• Ҳуҷҷатгузорӣ намудани натиҷаҳо ва тамоми маълумот дар бораи имконпазирии ситонидани қарз;

• Ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти маълумот дар бораи далелҳои вайрон кардани расмиёт ва/ ё қаллобӣ (ҳам аз тарафи кормандони филиал, ҳам аз тарафи мизоҷ/шахси алоқаманд);

Талабот нисбати номзадон:

Таҳсилот:

• Олӣ, олии нопурра, таҳсилоти миёнаи техникӣ.

Малакаҳои кор:

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

• Маҳорати созгорӣ бо одамон, ҳусни муошират;

• Малакаҳои пешбурди гуфтушунид ва эътиқодманд намудани ҳамсӯҳбатони худ.

• Малакаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои техникӣ.

• Малакаҳои кор дар компютер.

• Қобилияти таҳлилӣ.

Таҷрибаи корӣ:

• Ҳадди ақал собиқаи 6-моҳаи корӣ дар бахши бонкдорӣ, ба мисли шуъба оид ба қарзҳои мушкилситон, шуъбаи қарзӣ, Филиал/МХБ (ба истиснои вазифаи ронандагӣ ва корманди техникӣ), шуъбаи аудит/назорати дохилӣ, шуъбаи муҳосибот.

________________________________________

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

________________________________________

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 11 ноябри соли 2024 ба суроғаи н. Шахритус, кӯч. И. Сомонӣ 49 “г”, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 575 95 38

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Эълонҳои монанд

  • Корманди қарзӣ дар н.Шаҳритус
    Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозорро аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд. Вазифаи кор:• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.Талабот:• Маълумоти миёна (ё олӣ);• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази хизматрасонии мо дар н.Шаҳритус ва ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 7272
    Furuz, 18.10.2024 16:28, Шаҳритӯз
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления