Корманди қарзӣ дар н.Шаҳритус

Шаҳритӯз
Санаи ҷойгиршавӣ: 18.06.2024 13:23 ID эълон: 10795561
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Фуруз
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Ташкилоти Амонати Қарзии Хурд

Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозорро аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Вазифаи кор:

• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;

• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;

• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;

• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.

Талабот:

• Маълумоти миёна (ё олӣ);

• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;

• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;

• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;

• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази хизматрасонии мо дар н.Шаҳритус ва ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 7272

Эълонҳои монанд

  • Ёвари шуъба дар филиали н. Шахритус
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;• Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;• Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо • Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;• Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст; • Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ (дар шакли электронӣ ва чопӣ/коғазӣ);• Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;Талабот нисбати номзадон:• Таҳсилоти олӣ (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад) • Дониши барномаҳои компютерӣ: Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.• Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ• Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият• Маҳорати кори дастаҷамъона• Қобилият зудомўзӣ.• Ташаббускорӣ. ________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 21 июни соли 2024 ба суроғаи ш.Шахритус, кӯч. И. Сомони 49 В, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93-572-46-67
    ФИНКА Таджикистан, 10.06.2024 19:29, Шаҳритӯз
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Furuz Furuz

    Дар сайт аз сен, 2020

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления