Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар н.Восеъ

Восеъ
Санаи ҷойгиршавӣ: 11.03.2025 08:19 ID эълон: 12558357
  • Таҷриба: Бе таҷриба
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ibt.tj
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Финансы

Тими мо Бонкдореро меҷӯяд, ки вазифаи асосиаш машварат ба мизоҷон оид ба тамоми маҳсулоти бонкӣ, кумак дар барасмиятдарории онҳо ва ҷавоб ба саволҳои бамиёномада мебошад

Кор дар IBT ин:

• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ

• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI

• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ

• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ

• Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худ

Ин кор барои Шумост, агар Шумо:

• Мутахассиси дорои таҳсилоти миёна, олии нопурра ва олӣ бошед

• Мехоҳед донандаи хуби соҳаи фурӯш бошед

• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед

• Хайрхоҳ, хушхулқ, ба стресс тобовар ҳастед ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаед

Вазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:

• Пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (ҳамаи намуди кортҳо, қарзҳо, интиқоли пул) ва хизматрасониҳои IBT

• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда

• Кумак дар барасмиятдарории маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ

• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо

Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шавед

Телефони Маркази тамос: 1155

Эълонҳои монанд

  • Корманди қарзӣ
    Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид. Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд. Вазифаи кор:• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимолӣ, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;Талабот:• Маълумоти миёна (ё олӣ);• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988 22 02 91;Танҳо номзадҳое,ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, Дирӯз 17:09, Восеъ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Корманди калони қарзӣ
    Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид. Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд. Вазифаи кор:• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимолӣ, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;Талабот:• Маълумоти миёна (ё олӣ);• Доштани собиқаи корӣ дар соҳаи бонкӣ (қарздиҳӣ)• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988-22-02-91;Танҳо номзадҳое,ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, Дирӯз 17:09, Восеъ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор дар филиали н.Восеъ
    Ӯҳдадориҳои асосӣ:Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;Ихтисоси матлуб:Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 28 феврали соли 2025 ба суроғаи н. Восеъ, шаҳраки Восеъ, кӯч. И. Рахимов ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 572 01 14Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 14.02.2025 12:13, Восеъ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Амалиётгари бэк-офис дар н.Восеъ
    Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРУЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Вазифаи кор:• Қабули мизоҷон дар нуқтаи хизматрасонӣ;• Шинос кардани мизоҷон бо шартҳои қарздиҳӣ;• Пур кардани дархостҳои қарзии мизоҷон ва дигар хуҷҷатҳои лозима;• Омода намудани шартномаи қарзӣ.Талабот:• Маълумоти миёна (ё олӣ);• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун афзалиятнок шуморида мешавад;• Донистани забони тоҷикӣ (русӣ ва узбекӣ афзалиятнок шуморида мешавад);• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Малакаи кор бо компютер.Довталабони ҳавасманде,ки таҷрибаи корӣ надоранд вале хоҳиши зиёди омӯзиш карданро доранд, инчунин метавонанд ба ин вазифа хуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988 22 02 91; 988 35 08 48;Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, Дирӯз 16:50, Восеъ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ЗАО Международный банк Таджикистана ЗАО Международный банк Таджикистана

    Дар сайт аз окт, 2019

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust