Мутахассиси муносибатҳои муросилотӣ
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРУЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар «ФУРУЗ» зиёда аз 150 корманд дар Саридораи ш.Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаи кор:
• Қабул ва интиқол намудани воситаҳои пулии ғайринақдӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои пардохтӣ;
• Коркарди супоришномаҳои пардохтӣ ва пешбурди суратҳисобҳои муросилотӣ;
• Назорати суратҳисобҳои муросилотӣ дар БМТ, бонкҳои муросилотии дохилӣ ва хориҷӣ;
• Ташкил ва гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ;
• Санҷиши реквизитҳои бонкӣ ва иҷрои саривақтии супоришномаҳои пардохтӣ;
• Пешниҳоди иттилоот ва машварат оид ба иҷрои cупоришномаҳои пардохтӣ;
Талабот:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи молия, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ё соҳаи дигари дахлдор;
• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои бонки, хазинадорӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият шуморида мешавад).
• Малакаҳои фаҳмиш ва татбиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ дар самти амалиёти муносибатҳои муросилотӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ.
• Қобилияти робитасозӣ;
• Малакаҳои хуби кор дар компютер;
• Малакаҳои аълодараҷаи таҳлилӣ ва ҳусни муошират.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48; 7272
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед