Бонкир - Коршиноси қарзи дар н. Панч
Тими мо Бонкдореро меҷӯяд, ки вазифаи асосиаш машварат ба мизоҷон оид ба тамоми маҳсулоти бонкӣ, кумак дар барасмиятдарории онҳо ва ҷавоб ба саволҳои бамиёномада мебошад
Ин кор барои Шумост, агар Шумо:
• Мутахассиси дорои таҳсилоти миёна, олии нопурра ва олӣ бошед
• Мехоҳед донандаи хуби соҳаи фурӯш бошед
• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед
• Хайрхоҳ, хушхулқ, ба стресс тобовар ҳастед ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаед
Вазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:
• Пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (ҳамаи намуди кортҳо, қарзҳо, интиқоли пул) ва хизматрасониҳои IBT
• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда
• Кумак дар барасмиятдарории маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ
• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо
Тамоми имконият барои пешравиҳои Шумо:
• Расман ба кор қабул кардан, рушди мансабӣ ва ҷадвали 5/2
• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаҳои мусбат ва низоми шаффофи KPI
• Пешниҳодҳои махсус ба хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо барои ғизо ва алоқаи корпоративӣ
• Рушди доимии касбӣ: омӯзиш ва тренингҳо
• Муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ
• Шароитҳои беҳтарин барои кашфи иқтидор ва идеяҳои нав
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед