1-комн. квартира, 15 этаж, 111 м², Шохмансур
- Масоҳат: 111 м²
- Шакли бино: Навсохт
- Ошёна: 15
- Таъмир: Бе таъмир (қуттии холӣ)
- Суроға: Шохмансур
- Ҳолати бино: Сохташуда
Фурӯши хонаи дуҳуҷрагӣ бо нархи дастрас дар яке аз биноҳои Премиуми шаҳри Душанбе:
- квартира дар наздикии фурудгоҳ;
- квартира дар ошёнаи 15-уми бинои 15 ошёна ҷойгир аст;
- тамоми намуди нақлиёти мусофиркашонӣ ҳаст;
- баъди гузаштан аз комиссияи давлатӣ дар ошёнаҳои 1 ва 2 бинои мазкур маркази савдои маҳсулоти хӯрокаи Релакс, фастфуд KFC, боғчаи кӯдакона, клиникаҳои табобатӣ ва ғайраҳо сохта мешаванд;
- дар масофаи пиёда дар атрофи бино фурудгоҳ, тарабхонаҳо, маркази савдои мебели РОМСАР, мактаб, масҷид ва ғайраҳо ҷойгиранд;
- таҳиякунандаи боэътимод, боваринок ва маъруф ҶДММ "Пойтахти Диёрам";
- ҳавлии пӯшида бо майдони бозии кӯдакон, минтақаи муҳофизатшаванда (24/7);
- таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва берунӣ, гармидиҳии мутамарказ ва ғайра...;
- лифтҳои баландсифат, баландсуръат ва замонавӣ, 5 лифт дар як даромадгоҳ барои 11 квартира, 2 лифти борбардори калон, 3 лифти стандартӣ;
- таъмири зебову босифати даромадгоҳ, дарҳои олӣ, тирезаҳои босифат ва зебои алюминии гарм...;
- тирезаҳои квартира панорамӣ буда, ба тарафи фурудгоҳ менигаранд ва тамошои паридану нишастани ҳавопаймоҳо Шуморо хушҳол ва табъатонро болида мегардонад;
Фурӯшанда сохибхона ва бе комиссия.
Нархи хона бо пешниҳоди иваз (бартер) 15% зиёд ҳисоб мешавад.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед