Аудитори дохили
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи АУДИТОРИ ДОХИЛӢ баррасӣ менамояд! Вазифаҳои асосӣ: Гузаронидани баҳодиҳии системаи самаранокии назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо ва идоракунии корпоративӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти Ҷамъият; Гузаронидани мониторинги риоя кардани тартиби назорати дохилии Ҷамъият; Расонидани кӯмак, машваратдиҳӣ ва дастгирии касбӣ ба дигар воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Ҷамъият, аз он ҷумла ба ашхосе, ки дар татбиқ намудани назорати дохилии Ҷамъият иштирок менамоянд; Гузаронидани санҷишҳои аудитории дохилии нақшавӣ ва ғайринақшавии воҳидҳои сохторӣ ва/ё бизнес – просессҳои Ҷамъият дар мавзӯи:- баҳодиҳии самаранокии идоракунии корпоративӣ;- баҳодиҳии хавфҳо, аз он ҷумла самаранокии идоракунии хавфҳо дар Ҷамъият;- баҳодиҳии самаранокии системаи назорати дохилӣ;- дурустӣ ва эътимоднокии навиштаҷоти/ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ;- санҷиши воситаҳои таъминоти амнияти дороиҳо;- маълумоти молиявӣ, аз он ҷумла маълумот аз системаи биллинг ва дигар системаҳо. Таъмин намудани воҳидҳои сохтории дахлдор ва роҳбарияти Ҷамъият бо маълумот оид ба масъалаҳои хавфҳо ва назорат; Ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунӣ тавассути гузаронидани аудит, санҷишҳо, мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои аудити дохилии фаъолияти Ҷамъият; Гузаронидани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ намудани вайронкунӣ ва камомадҳо тавассути расонидани маълумот дар бораи ошкор намудани вайронкуниҳои муҳим ва камбудиҳо то кормандон ва роҳбарияти Ҷамъият; Таҳия намудан ва пешниҳод кардани тавсияҳои дахлдор оид ба мукаммал намудани тартиби идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ бо истифодаи муносибати мураттаб ва пайваста; Гузаронидани мониторинги чорабиниҳо, ки дар Ҷамъият ба нақша гирифта шудааст ва ё мавриди татбиқ қарор дорад, бо мақсади аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Ҷамъият иҷро намудани тавсияҳо, талаботҳо оид ба натиҷаҳои аудитҳои дохилӣ ва берунӣ, ҳамчунин санҷишҳои дигар мақомотҳои назоратӣ; Иштирок дар санҷишҳои хизматӣ, дар гузаронидани санҷишҳои махсус; Риоя намудани махфияти маълумот ҳангоми фаъолият ва иҷрои ваколатҳои худ; Таҳия намудани ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият, ки масъалаҳои назорати дохилиро ба танзим медароранд; Назорат намудани иҷрои талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилотию амрдиҳандаи Ҷамъият; Омода намудани маълумот, ҳисобот барои пешниҳод ба роҳбарият ва Шурои директорони Ҷамъият; Гузаронидани дигар расму қоидаҳо, ки барои расидан ба мақсадҳои аудити дохилӣ зарур аст, мувофиқи стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ (МОПП/МПС); Саривақт ва босифат иҷро кардани дигар супоришҳои хизматии хаттӣ ва шифоҳии роҳбари бевосита худ дар доираи салоҳият / ваколати худ ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Саривақт додани маълумот ба роҳбари бевосита дар бораи пайдо шудани ҳолатҳои ғайристандартие, ки бо тартиботи амалкунанда муайян карда нашудааст. Талаботҳои асосӣ: Маълумоти олии иқтисодӣ ва ё молиявӣ; Таҷрибаи кории на кам аз 5-сола дар соҳаи аудити дохилӣ ва ихтисос; Қонунгузории амалкунанда дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ ва дигар; Стандартҳои аудити дохилӣ ва талаботҳои кодекси ахлоқу одоби касбии аудиторон; Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ; Сохтор ва бизнес – просессҳои Ҷамъият; Донистани системаҳои ТИ-и Ҷамъият (1С ва дигар); Истифодабарандаи хуби компютери; Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ), донистани забони англисӣ бартарият медиҳад.Бартарияти мо: Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ; Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»); Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2; Музди меҳнати рақобатпазир; Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон; Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 31 январи соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Аудитори дохилӣ ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад. Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
ZET-MOBILE,
Имрӯз 12:12,
Душанбе
Ҷои кор »
Ҳисобдорӣ, молия, ҳуқуқшиносҳо