Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон

Хуросон
Санаи ҷойгиршавӣ: 25.05.2024 20:09 ID эълон: 11843094
  • Таҷриба: Бе таҷриба
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ

Уҳдадориҳои асосӣ:

• Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.

• Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.

• Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.

• Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.

• Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.

• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.

• Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.

• Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.

• Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.

• Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.

Талабот нисбати номзадон:

• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;

• Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;

• Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;

• Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;

• Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);

• Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ________________________________________

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

________________________________________

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 6 июни соли 2023 ба суроғаи н. Хуросон, ҷамоати деҳоти С.Айни, деҳаи Уяли, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот(+992) 93 119 31 96

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Шартномавӣ
ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

Дар сайт аз май, 2016

Дигар молҳои ин фурӯшанда
Ба дигарон гуфтан
×

You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
Pass document verification
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления