Отоларинголог
Мӯҳлати дархост: 19 декабри 2025 сол. Таҷриба: На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос. Макон: Шаҳрҳои Душанбе (ноҳияи Сино ва ноҳияи Фирдавсӣ - ЛРҶ Обчакорон) Навъи шартнома: Шартнома барои хизматрасонӣ муваққатӣ аст. Шартҳои кор: 10 январ – 10 апрели, 2026 сол Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд. Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст. Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред. Бо дастгирии маблағгузорони доимии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Good Nieghbors дар Тоҷикистон беш аз 11799 кӯдаконро аз оилаҳои осебпазир аз шаш минтақаи кишвар, аз ноҳияҳои Ваҳдат, Шахритуc, Носири Хусрав, Рашт, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, дар шаш Лоиҳаҳои рушди ҷамоавӣ сарпарастӣ мекунад. Фаъолиятҳои GNT ба беҳтаргардонии ҳаёти кӯдакон ва волидони онҳо мусоидат мекунанд. Дар доираи фаъолияти худ, GNT ба нақша гирифтааст, ки ҳамасола ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастро бо мақсади муайян кардани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилот мутахассисони баландихтисосро барои гузаронидани ташхиси тиббии кӯдакони сарпараст даъват мекунад. Барои баргузор кардани ташхиси тибии кӯдакони сарпарастшавандам мутахассисони зерин даъват карда мешаванд: Педиатр/Духтури оилавӣ (6 нафар), Офталмолог (6 нафар), Отоларинголог (6 нафар). Талаботи мутахассис: • Маълумоти олии тиббӣ. • Дипломи хатм намудани ихтисосҳои дархостгардида: тибби оилавӣ ва ё педиатрия, отоларингология, офталмология. • Таҷрибаи корӣ на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикршуда, беҳтараш дар соҳаи ташхиси бемориҳо. • Таҷрибаи корӣ оиди гузаронидани муоинаи тиббӣ. • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ. • Қобилияти хуби муошират бо кӯдакон ва волидони кӯдакон, саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи реҷаи кории муқарраршуда. Вазифаҳои мутахассис: • Азназаргузаронии тиббии кӯдаконе, ки аз ҷониби ташкилот сарпарастӣ карда мешаванд, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбарияти GNT дар ноҳияҳои ҳадафӣ. • Ба таври дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои тиббии муқарраршуда. • Тартиб додани рӯӣхати кӯдаконе, ки ба муоинаи иловагӣ аз тарафи дигар мутахассисон эҳтиёҷ доранд. • Омода намудани ҳисобот ба роҳбарият дар бораи натиҷаҳои фаъолият. Нафарони хоҳишманд метавонанд хулосаи таҷрибаи кории худро ба Шуъбаҳои ташкилоти «Good Neighbors дар Тоҷикистон, ки дар ҳар як ноҳияи ҳадафӣ фаъолият мекунанд, пешниҳод намоянд. Хулосаи таҷрибаи кори худро дар намунаҳои махсуси GNT (дар замимаи эълон) пешниҳод намудан лозим аст. Пешниҳодҳо то санаи дар болои эълон муайяншуда ба суроғаи электронии зикршуда, равон карда шаванд: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org . Сурогаҳои ташкилот: дар Душанбе, Саридора: к. Г.Завқибекова 34/3 (ориентир боғи Кӯдакона, театри Лухтак, Спартак) дар Рашт: ҷ/д Б.Раҳимзода, деҳаи Гулхани дар Шахритус: к. Зиёдалиев, х. 19 дар Н. Хусрав: ҷ/д Навруз, деҳаи Сангоба, дар шаҳри Кӯлоб: к. Исмоили Сомонӣ, х.28, ҳ.38 Нафароне, ки барои ЛРҶ Ваҳдат ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридора, ба суроғаи дар боло зикр шуда пешниҳод намоянд. БАРОИ ТАМОС: 778885418 Ҳуҷҷатҳо баъди санаи дар боло зикр шуда қабул карда намешаванд. Пешкаши тавсифномаҳо ҷолиби диққат мебошанд.
Good Neighbors Tajikistan,
Сегодня 09:24,
Душанбе
Вакансии »
Медицина, фармация