ВАКАНСИЯ — МЕНЕҶЕРИ ОНЛАЙН-ФУРӮШ ВА SMM
Ба мағозаи люстра ва таҷҳизоти равшанидиҳӣ фаъол, босавод ва масъулиятшинос ба кор даъват карда мешавад.
Талабот:
* Донистани Instagram ва SMM.
* Қобилияти идора кардани саҳифаи Instagram.
* Донистани тарзи сохтани Stories ва Reels.
* Қобилияти фурӯши люстра ва маҳсулоти равшанидиҳӣ ба таври онлайн.
* Муоширати хуб бо мизоҷон тавассути Direct ва телефон.
* Қобилияти ҷалби мизоҷони нав ва зиёд кардани фурӯш.
* Масъулиятшиносӣ ва натиҷагаро будан.
Вазифаҳо:
* Пешбурди саҳифаи Instagram.
* Ҷойгир кардани пост, Stories ва Reels.
* Қабули фармоишҳои онлайн.
* Машварат додан ба мизоҷон ва фурӯши маҳсулот.
* Назорати паёмҳо ва фармоишҳо.
* Пешниҳоди идеяҳои нав барои зиёд кардани фурӯш.
Вақти корӣ:
08:00 – 17:35
Маош:
Маоши асосӣ + фоизи иловагӣ аз натиҷаи фурӯш.
Муҳим: Мо танҳо духтареро ба кор қабул мекунем, ки Instagram ва фурӯши онлайнро хуб донад ва тавонад бо натиҷаи кораш рушди мағозаро таъмин намояд.
Барои муроҷиат ба Direct нависед.