ҶДММ "Акома" Мутахассиси шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM Specialist)
Вазифаҳои асосӣ:
Пешбурди саҳифаҳои расмии AKOMA дар Instagram, Facebook, TikTok ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Омода намудани нақшаи ҳармоҳаи контент.
Таҳияи аксҳо, видеоҳо, Reels ва Stories барои муаррифии маҳсулот.
Навиштани матнҳои ҷолиби рекламавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Ташкил ва назорати маъракаҳои рекламавӣ.
Ҷавоб додан ба паёмҳо ва шарҳҳои муштариён.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти саҳифаҳо ва пешниҳоди ғояҳои нав.
Талабот ба номзад:
Таҷрибаи пешбурди саҳифаҳои тиҷоратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Донистани Instagram, TikTok, Canva, CapCut ё барномаҳои монанд.
Қобилияти наворбардорӣ ва таҳрири видеоҳои кӯтоҳ.
Саводнокии хуби хаттӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ.
💼 Мо пешниҳод менамоем:
Кор дар ширкати истеҳсолии дорои бренди шинохта.
Имконияти амалӣ намудани ғояҳои эҷодӣ.
Муҳити кории дӯстона ва имконияти рушди касбӣ.
Маош аз рӯйи натиҷаи суҳбат.
📩 Барои муроҷиат, CV ва намунаҳои корҳои қаблии худро (Portfolio) ирсол намоед.
📞 Телефон :175-05-05-94