ҶДММ "Акома" ба кор даъват менамояд: Муовини менеҷер оид ба содирот(Deputy Export Manager)
📍 Вазифаҳои асосӣ:
Ҳамоҳангсозии раванди содироти маҳсулоти ширкат ба кишварҳои хориҷӣ.
Муошират ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо мизоҷон ва шарикони хориҷӣ.
Омода намудани пешниҳодҳои тиҷоратӣ, шартномаҳо, ҳисобномаҳо ва ҳуҷҷатҳои содиротӣ.
Назорати фармоишҳо, интиқол ва таҳвили маҳсулот.
Ҷустуҷӯи мизоҷон ва бозорҳои нави содиротӣ.
Ҳамкорӣ бо ширкатҳои логистикӣ ва мақомоти дахлдор.
Омода намудани ҳисоботҳо ва дастгирии менеҷер оид ба содирот.
Талабот ба номзад:
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ бартарӣ дорад.
Малакаи кор бо Microsoft Excel ва Word.
Қобилияти гузаронидани гуфтушунидҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ.
Масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва малакаи ташкилотчигӣ.
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи содирот, фурӯш ё логистика бартарӣ ҳисобида мешавад.
💼 Мо пешниҳод менамоем:
Кори доимӣ дар ширкати истеҳсолии рушдёбанда.
Имконияти рушди касбӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Маоши мувофиқ аз рӯйи натиҷаи суҳбат.
📩 Барои муроҷиат (CV) худро ирсол намоед.175-05-05-94