Светофильтри аслии поляризатсионии Marumi DHG Super Circular PL.D (диаметраш 58 мм) барои объективи фотоаппарат фурӯхта мешавад. Истеҳсоли аслии Ҷопон (Made in Japan).
Барои чӣ лозим аст?
- Барои аксбардорон (фотографҳо) ва наворбардорон (видеографҳо) як чизи хеле зарурӣ аст:
- Бликҳо ва дурахши зиёдатиро аз рӯи об, шиша (витрина, оинаи мошин) ва рӯи одам нест мекунад.
- Ранги осмонро кабудтар, абрҳоро равшантар ва рангҳои табиату баргу гулро зиндаву сероб мекунад.
- Линзаи объективро аз чанг, харошидан ва зарба муҳофизат мекунад.
Хусусиятҳо:
- Бренд ва силсила: Marumi DHG Super Circular PL.D (Digital High Grade)
- Диаметр: 58 мм (барои объективҳои Canon 18-55mm, Nikon, Sony ва дигар объективҳое, ки резьбаи 58мм доранд, мувофиқ аст).
- Истеҳсол: Ҷопон (Made in Japan)
Ҳолат: Шишааш тоза, бе харошидагӣ, дар қуттии пластикии худаш.