ВАКАНСИЯ: МУТАХАССИСИ SMM ВА ФУРӮШ
Ба ширкати мо 2 нафар корманд барои пешбурди шабакаҳои иҷтимоӣ ва фурӯши маҳсулот даъват карда мешаванд.
Вазифаҳо:
- Пешбурди саҳифаҳои Instagram ва TikTok.
- Омода ва нашр кардани видеоҳо, Stories ва постҳо.
- Ҷалби муштариёни нав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Машварат додан ба муштариён.
- Қабул ва коркарди дархостҳо.
- Фурӯши маҳсулоти ширкат.
Талабот:
- Синну сол аз 18 то 35 сола.
- Муоширати хуб ва масъулиятшиносӣ.
- Донистани шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Қобилияти фурӯш ва кор бо муштариён.
- Хоҳиши омӯзиш ва рушди касбӣ.
Ҷадвали корӣ:
- Навбати якум: 08:00–12:00.
- Навбати дуюм: 13:00–17:00.
Системаи даромад: Музди меҳнат аз рӯйи фоизи фурӯши анҷомдодашуда ҳисоб карда мешавад. Даромад аз натиҷаи кори шумо вобаста аст.
Агар хоҳиши кор кардан, омӯзиш ва даромади бештар дошта бошед, ин имконият барои шумост!