Ширкати сохтмонӣ барои гузаронидани санҷиши техникӣ ва назорати ҳолати шабакаҳо ва таҷҳизоти барқии биноҳои истиқоматӣ мутахассиси соҳибтаҷриба — барқчӣ (электрик)-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
Гузаронидани санҷиши техникии шабакаҳои барқии биноҳои истиқоматӣ;
Санҷиши ҳолати ноқилҳо, қуттиҳои тақсимоти барқӣ (щитҳо), ҳисобкунакҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ;
Муайян намудани вайронкуниҳо ва хатарҳои эҳтимолии истифодаи шабакаҳои барқӣ;
Арзёбии риояи қоидаҳои бехатарии барқӣ ва талаботи зиддисӯхторӣ;
Пешниҳоди тавсияҳои техникӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш.
Талабот ба номзад:
Таҷрибаи кориӣ на кам аз 10 сол ва собиқаи амалии соҳаи электрикӣ;
Дониши хуби сохтор ва истифодабарии шабакаҳои барқии биноҳои истиқоматӣ;
Қобилияти муайян намудани нуқсонҳои техникӣ ва арзёбии хатарҳои барқӣ;
Масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ ва муносибати касбӣ ба кор.
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Резюмеи худро тариқи WhatsApp ирсол намоед: 93 577 80 10