Коргари аниқ 205082121 занг занед ❗️❗️❗️
🏢 Ширкати мо барои васеъ намудани ҳайати корӣ менеҷер оид ба фурӯши амволи ғайриманқул (манзил ва биноҳои истиқоматӣ)-ро ба кор даъват менамояд.
🔹 ТАЛАБОТ:
* Синну сол аз 18 то 26
* Сатҳи хуби муошират ва муносибати дуруст бо мизоҷон;
* Қобилияти гуфтушунид ва ҷалби харидорон;
* Фаъол, ташаббускор ва масъулиятшинос будан;
* Малакаи кор бо телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
* Қобилияти кор дар гурӯҳ;
* Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
* Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯши амволи ғайриманқул бартарӣ дорад, аммо барои шахсони хоҳиши омӯзиш ва рушд дошта низ имконият ҳаст.
🔹 ӮҲДАДОРИҲО:
* Машварат додан ба мизоҷон оид ба хариди манзил;
* Пешниҳоди лоиҳаҳо ва манзилҳои мавҷуда;
* Кор бо мизоҷони нав ва ҷалби харидорони эҳтимолӣ;
* Гузаронидани гуфтушунид ва муаррифии объектҳо;
* Ҳамроҳӣ намудани мизоҷон то анҷоми муомилоти харидуфурӯш.
🔹 МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:
* Муҳити кории дӯстона ва касбӣ;
* Шароити хуби корӣ;
* Омӯзиш ва дастгирӣ дар раванди кор;
* Имконияти рушди касбӣ ва болоравии мансаб;
* Маош ва фоиз аз фурӯш;
* Имконияти ба даст овардани даромади хуб вобаста ба натиҷаи кор.