Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors (GNT) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОН ОИД БА ҶАЛБИ МУТАХАССИС БАРОИ ТАШКИЛ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ОМӮЗИШҲО БАРОИ ДЕҲҚОНОНИ ҶАВОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: то 22.11.2026
Таҷрибаи корӣ (ташкил намудани омӯзишҳо ): На кам аз 2 сол
Ҷойгиршавӣ: ш. Хуҷанд
Навъи шартнома: тибқи нақшаи лоиҳа - Шартномаи хидматрасонӣ кӯтоҳмуддат
Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.
Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.
Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.
Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.
Дар ҳамин замина ташкилоти GN дар Тоҷикистон лоиҳаи муҳимеро оғоз намуд, ки дар доираи он барои ҷавонони деҳот имкониятҳои нави рушди рақамӣ, такмили малакаҳо ва васеъ намудани дастрасӣ ба бозорҳо фароҳам оварда мешавад. Лоиҳа ба пешбурди рақамисозии кишоварзӣ равона гардида, кӯшиш мекунад, ки маҳдудиятҳои мавҷудаи дастрасӣ ба технология ва иттилоотро бартараф намояд ва бо самтҳои афзалиятноки рушди миллии кишвар ҳамоҳанг бошад. Ин ташаббус заминаи рушди устувори агробизнес ва беҳбудии зиндагии ҷавонон дар минтақаҳои деҳотро фароҳам меорад.
Кишоварзӣ яке аз самтҳои калидии иқтисодӣ ва манбаи асосии зиндагии аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги ин соҳа, кишоварзӣ, бахусус дар байни ҷавонон, бо мушкилоти ҷиддии сохторӣ, аз ҷумла маҳдуд будани дастрасӣ ба бозорҳо, камбуди иттилоот, сатҳи пасти истифодаи технологияҳои муосир ва норасоии малакаҳои рақамӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Ҳамзамон, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ имкониятҳои навро барои беҳтар намудани ҳосилнокӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, густариши дастрасӣ ба бозорҳо ва рушди агробизнес фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет ва сатҳи саводнокии рақамӣ ҳанӯз ба таври кофӣ рушд наёфта, имкониятҳои деҳқонон ва соҳибкорони ҷавонро маҳдуд месозад.
ЭЪЛОН
дар бораи ҷалби мутахассис (Training Supervisor) барои ташкил ва ҳамоҳангсозии омӯзишҳо
Ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors дар Тоҷикистон (GNT) дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот» барои ташкил ва ҳамоҳангсозии омӯзишҳо дар вилояти Суғд мутахассиси соҳибтаҷрибаро ба ҳайси Супервайзери омӯзишҳо (Training Supervisor) ҷалб менамояд.
Минтақаҳои фаъолият:
• Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
• Шаҳри Конибодом;
• Шаҳри Исфара.
Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ:
• Ҷалб ва сафарбар намудани деҳқонони ҷавони синни 15–35 сола барои иштирок дар омӯзишҳо;
• Ҷустуҷӯ ва интихоби иштирокчиёни эҳтимолӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо, сохторҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор;
• Ташаккул додани гурӯҳҳои иштирокчиён мутобиқи шумораи муқарраршуда;
• Муайян ва омода намудани ҷойи баргузории омӯзишҳо, аз ҷумла таъмини шароити зарурӣ барои иштирокчиён ва тренерон;
• Ҳамоҳангсозии тамоми масъалаҳои логистикӣ ва ташкилии марбут ба баргузории омӯзишҳо;
• Ҳамкорӣ бо тренерон ва намояндагони ташкилот ҷиҳати таъмини раванди самараноки омӯзиш;
• Ташкили бақайдгирии иштирокчиён ва омода намудани рӯйхати онҳо;
• Назорати иштироки пурраи ҷавонон дар рӯзҳои омӯзиш;
• Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла рӯйхати иштирокчиён, варақаҳои бақайдгирӣ, аксҳо ва дигар маводи зарурӣ;
• Пешниҳоди ҳисоботи мухтасар оид ба раванди ташкил ва баргузории омӯзишҳо.
Талабот ба номзад:
• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо, омӯзишҳо ё семинарҳо;
• Малакаи хуби муошират ва кор бо ҷавонон;
• Қобилияти ҷалб ва сафарбар намудани иштирокчиён;
• Донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
• Қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳо ва омода намудани ҳисобот;
• Масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва малакаи хуби ташкилотчигӣ;
• Омодагӣ ба сафарҳои корӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфара.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: Дар мавзӯи мактуб лутфан қайд намоед: «Training Supervisor – вилояти Суғд».
Номзадҳои ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
• GNT Шакли аризаи коргар (дар замима) ва Тарҷумаи ҳол (CV);
• Маълумот дар бораи таҷрибаи кории дахлдор.
Танҳо номзадҳои ба талабот ҷавобгӯ барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст.
Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors GNT-Application-Form (дар замима) пуркарда ба суроғаи электронии ташкилот gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org то санаи 22 Ноябри 2026 сол
Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона).
Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед:
www.goodneighbors.org
www.goodneighbors.tj
https://www.facebook.com/gntajikistan/
https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/
https://www.linkedin.com/company/15834558/