Мясорубкаи барқии касбии рӯимизӣ. Ин дастгоҳи пуриқтидор барои ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши гӯшт пешбинӣ шудааст. Корпус ва табақи васеи болоии он пурра аз пӯлоди зангногири баландсифат (нержавейка) сохта шудаанд, ки тоза карданаш хеле осон ва ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад. Дастгоҳ дорои сӯрохиҳои махсуси ҳавогузар барои хунук нигоҳ доштани муҳаррик ва пойчаҳои резинии зиддилағжиш барои устуворӣ ҳангоми кор аст. Бо ёрии чархи махсуси пеш қисми кории он ба осонӣ кушода ва васл карда мешавад.
Доставка бесплатно ✅