ЭЪЛОН! ҶОЙИ КОРӢ
Ширкати ҶДММ «БАХТ ТАЪМИНОТ» барои васеъ намудани фаъолияти худ дар шаҳри Душанбе ба кор МЕНЕҶЕР ОИД БА ФУРӮШ даъват менамояд.
Талабот ба довталабон:
- Синну сол аз 23 то 35-сола;
- Маълумоти олӣ;
- Қобилияти хуби муошират ва муносибати дуруст бо мизоҷон;
- Малакаи гуфтушунид ва ҷалби харидорон;
- Масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва хоҳиши пешрафти касбӣ;
- Қобилияти кор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
Вазифаҳои асосӣ:
- Пешбурди фурӯши маҳсулоти ширкат;
- Ҷустуҷӯ ва ҷалби мизоҷони нав;
- Машварат ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба маҳсулот;
- Фурӯши маҳсулот тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
- Нигоҳ доштани робитаи доимӣ бо мизоҷон.
Самти фаъолияти ширкат:
Фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, мебел, техникаи маишӣ, таҷҳизоти роҳсозӣ, масолеҳи сантехникӣ ва дигар намудҳои таҷҳизоту маҳсулот.
Шароити кор:
- Кор дар муҳити муосири офисӣ;
- Имконияти рушди касбӣ ва баланд бардоштани малакаи корӣ;
- Маоши ҳавасмандкунанда дар шакли фоиз аз фурӯш: 20–25% аз даромади фурӯш.
Суроға:
Шаҳри Душанбе, назди корхонаи «Фабрикаи ширинии Равғани Тоҷик».
Агар шумо шахси фаъол, масъулиятшинос ва дорои маҳорати хуби муошират бошед, пас ин имконият барои шумост!
Рақамҳо барои тамос+992 053 30 53 53