Ташкилоти амонатии қарзии «Шукр Молия» барои ишғоли вазифаи аудитори Хадамоти аудити дохилӣ мутахассисро ба кор даъват менамояд.
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Гузаронидани санҷишҳои аудити дохилӣ оид ба фаъолияти ташкилот ва сохторҳои таркибии он.
Санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии дохилии ташкилот ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда.
Арзёбии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо.
Санҷиши дурустии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ.
Ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, камбудиҳо ва хавфҳои эҳтимолӣ, инчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо.
Таҳияи хулосаҳои аудиторӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои санҷиш ба роҳбарияти ташкилот.
Талабот ба довталаб:
Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи молия, иқтисод, баҳисобгирии муҳосибӣ ё аудит.
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи аудити дохилӣ, назорати молиявӣ ё фаъолияти бонкӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад.
Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи меъёрии соҳаи маблағгузории хурд.
Доштани қобилияти таҳлилӣ, диққатҷамъӣ, масъулиятшиносӣ ва принсипнокӣ.
Малакаи хуби кор бо компютер ва барномаҳои кории Microsoft Office.
Риояи махфияти маълумот ва меъёрҳои одоби касбӣ.
Шароити кор:
Мо ба Шумо пешниҳод менамоем:
Реҷаи корӣ: 5/2 (аз соати 08:00 то 17:00).
Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ду маротиба дар як моҳ.
Фаъолият дар ташкилоти устувор ва рушдёбандаи маблағгузории хурд.
Имконияти рушди касбӣ ва пешравӣ дар мансаб.
Шароити кор ва андозаи музди меҳнат бо довталаб ба таври инфиродӣ баррасӣ карда мешаванд.
Танҳо довталабоне, ки ба талаботи зикршуда ҷавобгӯ мебошанд, барои суҳбат даъват карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (тарҷумаи ҳол — CV/резюме бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ) ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд:
E-mail: job@shukr.tj
Дар мавзӯи нома ҳатман калимаи «аудитор»-ро нишон диҳед.
Суроғаи ҷойи кор:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 158 (Водонасос).